Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон Филиппо Грандӣ

17.03.2022 18:30, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон Филиппо Грандӣ  17.03.2022

17 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон Филиппо Грандиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, аз ҷумла Дафтари Комиссари Олӣ оид ба паноҳандагон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчуби Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми гурезаҳо изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамкории сермаҳсул бо Дафтари Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагонро намунаи боризи муносибатҳои Тоҷикистон бо ниҳодҳои тахассусии Созмони Милали Муттаҳид арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба масъалаҳои такмили бештари заминаҳои ҳуқуқии раванди ҳамкорӣ, таъсиси абзорҳои марбутаи ҳуқуқӣ ва мутобиқ гардонидани қонунгузории миллии Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалӣ табодули андеша карданд.

Вобаста ба таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, ки боиси буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву башарӣ дар ин кишвар гардиданд, пешниҳод шуд, ки робитаҳои кории судманд ҷиҳати расонидани кӯмакҳои башардӯстонаи мақсаднок ба мардуми Афғонистон идома дода шаванд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520