Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Дар бораи тадбирҳои иловагии
истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия

Бо мақсади таъмини ҳарчи беҳтари аҳолӣ бо нерӯи барқ ва ба роҳ мондани истифодаи сарфаҷӯёнаи он, инчунин баҳрабардории васеъ аз асбоб ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2009 гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ оғоз карда шавад.
2. Роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассиса ва корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, то охири соли 2009 гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқиро таъмин намоянд.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва Ширкати саҳомии ҳолдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» то моҳи октябри соли 2009 241 ҳазор оилаи камбизоатро бо лампаҳои каммасрафи барқӣ таъмин намоянд.
4. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шаванд, ки ҷиҳати давра ба давра маҳдуд кардани воридоти лампаҳои тафсон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди мушаххас манзур намоянд.
5. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2009 – 2011 бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ сохта, ба истифода додани ду корхонаи истеҳсоли лампаҳои каммасрафи барқиро таъмин намоянд.
6. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ҷиҳати иҷрои ҳамин Фармон стандартҳои дар соҳаи сарфаи энергия амалкунандаро такмил диҳанд.
7. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои дар давоми се соли оянда бо гази табиии истеҳсоли худӣ ва дар зарфи чор сол бо нерӯи барқ таъмин намудани эҳтиёҷоти мамлакат чораҳои зарурӣ андешад.
8. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ва Ширкати саҳомии ҳолдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Барномаи кам кардани талафоти энергия ва сарфаи онро барои солҳои 2010-2015 таҳия карда, то 1 сентябри соли 2009 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
9. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо мақсади то охири соли 2013 ба истиқлолияти энергетикии мамлакат ноил шудан нақшаи чорабиниҳоро доир ба сохта, ба истифода додани нерӯгоҳҳои бузург, миёна ва хурд, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии амалкунанда таҳия ва тасдиқ намояд;
- ҷиҳати амалӣ намудани чорабиниҳои сарфаи энергия аз ҳисоби коршиносони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо комиссияи босалоҳият таъсис диҳад;
- барои кам кардани талафоти энергияи барқ, гази табиӣ ва об барномаи истифодаи самараноки захираҳои энергетикиро барои солҳои 2009 – 2015 таҳия ва тасдиқ намояд;
- доир ба истифодаи васеъ аз манбаъҳои ғайримуқаррарӣ ва барқароршавандаи энергия тадбирҳои зарурӣ андешад;
- тамоми сохтору мақомоти дахлдорро вазифадор созад, ки ҳангоми таҳияи лоиҳа ва сохтмони бинову иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ масъалаи истифодаи технологияи каммасрафи барқиро ба эътибор гиранд;
- ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳамин Фармон санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул намояд.
10. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ва Ширкати саҳомии ҳолдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» оид ба аҳамияти истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ дар байни аҳолӣ корҳои мақсадноки ташкиливу тарғиботиро анҷом диҳанд.
11. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси чорабиниҳои вобаста ба сарфаи нерӯи барқро ба таври ройгон ба роҳ монад.
12. Назорати иҷрои ин Фармон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе
24 апрели соли 2009
№ 653

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520