Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ричард Баучерро ба ҳузур пазируфт.
«Тоҷикистон ба рушди мунтазами муносибатҳо бо Амрико дар ҳамаи самтҳои мутақобилан судманди ҳамкорӣ манфиатдор аст», - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
«Маъмурияти нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Президент Барак Обама ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон манфиатдоранд, аз ҷумла дар татбиқи стратегияи нав оид ба Афғонистону Покистон», - изҳор дошт Ричард Баучер.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат ва амният изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки «дар марҳилаи кунунӣ таваҷҷӯҳи асосӣ бояд ба таҳкиму густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ равона гардад».
Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон ҳамгироии бештари иқтисодии Тоҷикистону Амрико натанҳо ба манфиати ду кишвар, балки ба манфиати ҳамаи кишварҳои минтақа хоҳад буд, аз ҷумла барои таъмини оромию субот дар Афғонистон.
Гуфтугӯйи судманд атрофи татбиқи ҳадафҳои Стратегияи нави Амрико оид ба Афғонистону Покистон сурат гирифт. Аз ҷумла таъкид гардид, ки татбиқи амалии лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон метавонад ба барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон ва таъмини Афғонистону Покистон бо нерӯи барқ мусоидати фаъол намояд.
«Тоҷикистон ҳамчунин метавонад дар омодасозии мутахассисони соҳаҳои гуногун барои Афғонистон саҳми намоён гузорад ва ҳам мутахассисони худро ба барқарорсозии иқтисодиёти он сафарбар намояд», - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.
Оид ба таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон, пешгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дигар хатарҳо ва расондани кӯмакҳои техникӣ ба Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои дахлдор низ табодули назар карда шуд.
Ҷоинбҳо ҳамчунин омодагии худро баҳри тавсиаи робитаҳо барои эҷоди фазои мусоиди ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва дигар самтҳои судманд таъкид намуданд.