Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Португалия Луиш Амаду

16.04.2009 18:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Португалия Луиш Амадуро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби сохторҳои аврупоиву Паймони Атлантикаи Шимолӣ ва ҳам густариши робитаҳои дуҷониба баррасӣ шуд.

Аз сатҳ ва мазмуни робитаҳои бисёрҷониба, ки дар доираи эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ оид ба барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон сурат мегиранд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Вазири корҳои хориҷии Португалия изҳор дошт, ки «муносибот бо Тоҷикистон дар доираи тадбирҳои умумии кишварҳои Аврупо оид ба Афғонистон бисёр муҳиманд, зеро ки нақши он дар мусоидат ба нерӯҳои эътилофии посдори сулҳ ва ҳам ба барқарорсозии иқтисодиёти ин кишвари азияткашида фавқулодда муҳим аст».

Луиш Амаду ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои нақши намоёни Тоҷикистон ва саҳми бевоситаи ӯ дар ҳамгироиҳои вобаста ба Афғонистон арзи сипос намуд.

Оид ба муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Португалия таъкид гардид, ки онҳо дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор доранд, вале имкону захираҳо барои таҳкиму густариши ҳамкориҳо зиёданд.

Вуҷуди захираҳои фаровони обию энергетикӣ ва сарватҳои табиӣ дар Тоҷикистон ва техникаю технологияҳои пешқадаму имконоти васеи сармоягузорӣ дар Португалия заминаи хуб барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ маънидод гардид.

Мусоҳибон ҳамфикрӣ зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ҳарду кишвар дар марҳилаи кунунӣ бояд бо имкону захираҳои ҳамдигар хуб ошно шаванд.

Мусоҳибон ҳамчунин оид ба авзои минтақаи Осиёи Марказӣ ва имконоти рушди ҳамкории минтақавӣ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520