Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои нави таълимӣ дар назди Муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 15 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

15.04.2022 14:23, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ифтитоҳи бинои нави таълимӣ дар назди Муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 15 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров   15.04.2022

15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави таълимиро барои 840 нафар хонанда дар назди Муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 15 ифтитоҳ карданд.

Муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 15 яке аз иншоотҳои таълимии кӯҳантарин дар ноҳия мебошад, ки солҳои сиюми асри гузашта сохта шудааст.

Бо гузашти солҳо бинои мактаб фарсуда ва таъмирталаб гардида буд. Ҳамчунин бо зиёд гардидани аҳолии маҳал синфхонаҳо нокифоя гардида, ба раванди таълиму тарбия таъсири манфӣ мерасонид.

Имрӯз шодию хурсандии устодону муҳассилин ва волидайни онҳо ҳадду канор надошт, зеро бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаб соҳиби бинои наву замонавии таълимӣ гардид.

Корҳои сохтмонӣ барои бунёди бинои нави таълимӣ барои 840 хонанда дар назди мактаб моҳи июни соли 2019 оғоз гардида, аз бинои асосӣ, толори варзишӣ ва ошхона иборат мебошад.

Бинои асосии мактаб аз 35 синфхона ва 5 ҳуҷраи ёрирасон иборат буда, 11 синфхонаи ибтидоӣ, 19 синфхонаи болоӣ, 2 синфи таълими меҳнат, синфи химия, синфи физика ва синфи компютериро дар бар мегирад.

Иншооти мазкур бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ сохта шудааст.

Баъди шиносоӣ бо шароити таълим дар бинои иловагии мактаб Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, омӯзгоронро ба масъалаи таъмини сифати таълим ва хонандагонро ба омӯзиши илмҳои замони муосир ҳидоят карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520