Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли макарони ҶДММ “Орди фатир” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

15.04.2022 14:25, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли макарони ҶДММ “Орди фатир” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  15.04.2022

15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи истеҳсоли 30 намуд макаронро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Орди фатир” мавриди истифода қарор доданд.

Бояд гуфт, ки дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини бозори дохилӣ бо молу маҳсулоти ниёзи мардум Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Орди фатир” тасмим гирифт, ки  ба истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, бахусус навъҳои гуногуни макарон оғоз намояд.

Барои ноил шудан ба ин мақсад аз тарафи муассисони ширкати ватанӣ барои сохтмони бинои истеҳсолӣ ва харидорӣ намудани таҷҳизоти истеҳсолӣ маблағи 2 миллиону 150 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ карда шудааст.

Айни ҳол таҷҳизот барои истеҳсоли макарон бо иқтидори 1 тонна дар як баст дар бинои нави истеҳсолӣ васл карда шуда, истеҳсоли 30 намуди макарони хушсифат ба роҳ монда шуд.

Бо оғоз шудани фаъолияти коргоҳи макаронбарорӣ 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори нав таъмин шуда, музди миёнаи меҳнати онҳо 1500 сомониро ташкил медиҳад

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Орди фатир” аслан 11 августи соли 2011 ташкил шуда, фаъолияти асосии он коркарди гандум ва истеҳсоли орд мебошад.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз коркарди 240 тонна ва дар як сол 75 ҳазор тонна гандум мебошад. Дар ҷараёни истеҳсолот гандуми навъҳои беҳтарини Ҷумҳурии Қазоқистон истифода мешавад.

Дар фаъолияти худ ширкат аҳолиро бо маҳсулоти хушсифати ордӣ таъмин намуда, барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишварамон - ҳифзи амнияти озуқаворӣ ҳиссаи худро гузошта истодааст.

Аз аввали фаъолияти худ корхона ба сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда аҳамияти махсус дода, дар байни истеҳсолкунандагони орд бо сифати маҳсулоташ  мавқеи хосро ишғол менамояд.

Роҳбарияти ширкат тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ барои таъсиси коргоҳҳои нав, таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи корӣ ва бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ҳиссагузорӣ намояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520