Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Ашт, ба истифода додани хати оби полезӣ, бунёди боғи нави гелос ва боздид аз намоиши кишоварзӣ

16.04.2022 08:00, ноҳияи Ашт
Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Ашт, ба истифода додани хати оби полезӣ, бунёди боғи нави гелос ва боздид аз намоиши кишоварзӣ  16.04.2022

16 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт нахуст, дар маҳаллаи Кӯҳсори деҳоти Понғоз хати оби полезиро мавриди истифода қарор дода, ба бунёди боғи интенсивии «Ибрат» оғоз бахшиданд.

Иншооти асосии хати оби полезӣ бо кофта шудани 4 чоҳи амудӣ аз чуқурии 25 метр омода карда шуда, барои обёрии 14 гектар замини ин мавзеъ пешбинӣ гардидааст

Оби полезӣ аз чоҳҳои амудӣ тавассути дастгоҳҳои обкашӣ (насосҳо) кашида шуда, ба ҳавзи бунёдгардида бо ғунҷоиши 600 метри мукааб оварда мешавад ва сипас аз тариқи қубурҳои обдиҳӣ заминҳои ин мавзеъ бо усули муосир, яъне қатрагӣ обёрӣ мегарданд.

Ташаббуси обёрии қитъаҳои ин мавзеи кӯҳдоман дар асоси дастуру роҳнамоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Зайлобиддин Махсудҷонов рӯи даст гирифта шуда, ҳадаф аз он ба гардиш даровардани талу тепаҳои бекорхобида ва истифодаи самараноку мақсадноки заминҳои ин минтақа мебошад.

Кашида шудани хати оби полезӣ ҳамакнун барои ба гардиш даровардани қитъаҳои нав ва бунёди боғу токзорҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ дар талу тепаҳои ин мавзеъ мусоидат намуда, бо ин роҳ метавон аз шӯршавии заминҳо пешгирӣ намуд.

 Дар ҳамин ҷо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо шинонидани ниҳоли гелос ба бунёди боғи нав дар масоҳати 14 гектар асос гузошта, аз Намоиши дастранҷи хоҷагидорони деҳоти Понғоз дидан намуданд.

Боғи мазкур бо усули замонавӣ, яъне интенсивӣ бунёд карда шуда, дар он 6 навъ гелоси содиротӣ, аз ҷумла “Александрия”, “Регина” ва “Дайбера” дар асоси маслиҳати мутахассисон аз рӯи меъёри 2 бар 4 метр шинонида шуда, дар ҳар як гектар 1250 бех ниҳол рост омадааст.

Дар маҷмӯъ дар асоси нақша дар боғи нав беш аз 15 ҳазор бех ниҳоли гелоси қадпаст, ки аз Федератсияи Русия дар асоси таҷриба ва маслиҳати мутахассисон бо кафолати тӯлонӣ дастрас гардидааст, шинонида шуд.

Ниҳолҳои гелос бо риояи пурраи қоидаҳои агротехникӣ шинонида шуда, ба иттилои масъулон дар соли сеюм пурра ба ҳосил медароянд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Ашт гелос мевае мебошад, ки боғдорон метавонанд аз он ҳамасола ҳосили дилхоҳ ба даст овард. Бо бунёди боғи нави гелос то 200 нафар сокинони маҳаллӣ бо дарназардошти корҳои мавсимӣ бо ҷойи кор таъмин мегарданд.  

Дар намоиши кишоварзӣ аҳли заҳмати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт 15 навъи маҳсулот, аз ҷумла 8 навъ зардолуи хушки донакдору бедонаи содиротӣ, 3 намуд себу нок ва ғалладонагиҳоро, ки ҳамасола дар заминҳои дар ихтиёрдошта кишту парвариш мекунанд, муаррифӣ намуданд.

Дар деҳоти Понғози ноҳияи Ашт зиёда аз 1000 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, кишоварзон ҳамасола бо истифодаи пурсамари ҳар як қитъа замин ва тухмиҳои серҳосили зироат, дар асоси маслиҳати мутахассисони соҳа маҳсулоти фаровон ба даст меоранд.

Аснои боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши дастранҷи меҳнаткашон иттилоъ дода шуд, ки дар деҳоти Понғоз 3484 гектар боғ мавҷуд буда, соли равон наздики 20 гектар боғи интенсивӣ бунёд карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулону хоҷагидорон бо инобати вазъи имӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла камбуди маводи ғизоӣ дар баъзе аз давлатҳои дунё барои истифодаи мақсадноку бомавриди заминҳои дар ихтиёрдошта, аз ҷумла қитъаҳои ёрирасону наздиҳавлигӣ, зиёд кардани майдони боғҳои меваҳои лазизу шаҳдбори ватанӣ ва бо ин роҳ афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти босифати худӣ ба онҳо дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520