Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев

07.04.2009 17:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Д.А.Медведев телефонӣ сӯҳбат карданд. Дар оғози сӯҳбат натиҷаҳои мулоқоти сарони 20 давлати тараққикардаи саноатии ҷаҳон дар масъалаи бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба таври муфассал ва мароқовар баррасӣ карда шуд. Сарони ҳар ду давлат дар робита роҷеъ ба роҳҳои то ҳадди имкон камтар сохтани таъсири зуҳуроти бӯҳронӣ ба вазъияти иҷтимоию иқтисодии мамлакатҳояшон табодули назар намуданд. Мусоҳибон ба вазъияти имрӯза ва нақшаҳои дурнамои муносибатҳои ҳар ду мамлакат дар соҳаҳои гуногун диққати калон доданд.

Қисмати бештари сӯҳбат ба муҳокимаи масъалаҳои хамкории ҳар ду кишвар дар соҳаи энергетика бахшида шуд. Паймон карда шуд, ки маросими ботантанаи ба истифода додани Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда - 1» моҳи майи соли равон бо иштироки президентҳои ҳар ду мамлакат баргузор карда мешавад. Дар ин маврид роҳҳои рушди минбаъдаи муносибатҳо ва ҳамкории Русияю Тоҷикистон дар ин соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Президенти Русия хоҳиши роҳбари Тоҷикистонро дар бобати тезонидани суръати корҳои геологию ҷустуҷӯӣ дар чор ҳавзаи газ аз ҷониби ширкати «Газпром» ба инобат гирифта, ваъда дод, ки барои тезонидани чунин корҳо дастурҳои дахлдор дода мешаванд.

Ҷониби Русия зимни муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ хабар дод, ки барои омода сохтани мутахассисони тоҷик дар мактабҳои олии Русия ҷойҳои иловагӣ ҷудо карда мешаванд. Ҳар ду ҷониб инчунин дар бораи ҳар чӣ зудтар кушодани филиали мактабҳои олии Русия дар Тоҷикстон паймон карданд.

Баъдан масъалаҳои ҳамкории ҳарбию техникии ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Д.А.Медведев дар фарҷоми сӯҳбат масъалаҳои дорои хусусияти байналхалқӣ ва минтақавии мавриди назарашонро муҳокима намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520