Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани кӯдакистони хусусии “Шаҳноз” дар шаҳри Исфара

17.04.2022 10:26, шаҳри Исфара
Ба истифода додани кӯдакистони хусусии “Шаҳноз” дар шаҳри Исфара  17.04.2022

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ҷӯи болои шаҳри Исфара кӯдакистони хусусии “Шаҳноз”-ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.

Масоҳати умумии иншоот 0,15 гектар заминро ташкил намуда, аз ҷониби сокини маҳаллӣ, омӯзгор Яҳёева Рисолат сохта шудааст.

Кӯдакистони хусусии “Шаҳноз” дорои таҳхона ва се ошёна буда, имкон фароҳам оварда шудааст то 120 нафар кӯдак  ба  таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар муассисаи томактабӣ омӯзиш ба забони тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шуда, оянда баҳри омӯзиши дигар забонҳо низ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешавад.

Бо мақсади ба талаботи замон ба роҳ мондани таълиму тарбия дар кӯдакистони хусусии “Шаҳноз” мураббиёни дорои малакаи баланди касбӣ ҷалб шуда, тибқи нақша ҷиҳати ба роҳ  мондани усулҳои муосири илмомӯзӣ онҳо пайваста аз курсҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисос мегузаранд.

Дар доираи ифтитоҳи иншоот ба таълимгирандагони ин боргоҳи илму маърифат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.

Дар саҳни бино 4 айвонча ва ҳамзамон баҳри омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва гузаронидани машғулияту бозии кӯдакон заминаи созгор фароҳам оварда шудааст.

Дар доираи татбиқи барномаву стратегияҳо ҷиҳати ҳарчи бештар ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакон дар шаҳри Исфара дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 32 муассисаи томактабӣ бунёд карда шудааст, ки дар онҳо 3077 нафар кӯдак ба омӯзиш машғуланд.

Бо ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Шаҳноз” 15 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои ифтитоҳ ва шиносоӣ бо имкониятҳои кӯдакистони навбунёд аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба рушди соҳаи маориф, зина ба зина беҳтар намудани инфрасохтори соҳа, дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намудани насли ояндасози ватан ва омӯзиши илмҳои муосир ёдрас шуда, дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо ба кормандони соҳаи маориф ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ ва талошҳо ба хотири рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520