Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух

24.04.2022 09:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Фарорасии 30-юмин солгарди барқарории робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистонро ба Шумо самимона табрик мегӯям.

Боиси хушнудист, ки дар тули се даҳаи сипаришуда кишварҳои мо бар асоси усулҳои баробарӣ, ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ ба сатҳи хуби муносиботи ҳамкорӣ даст ёфта, имрӯзҳо ҷиҳати пешбурди минбаъдаи онҳо  кӯшиш ба харҷ медиҳанд. 

Тоҷикистон ҷонибдори таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва шарикии созанда бо Муғулистон дар заминаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошад.  

Бовар дорем, ки бо азму талошҳои муштарак муносибатҳои байнидавлатии ду кишвари ба ҳам дӯст дар оянда низ рушд карда, мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон сатҳ ва муҳтавои сифатан нав касб хоҳанд кард.

Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатмандии комил, некӯаҳволӣ ва комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Муғулистон сулҳу субот ва шукуфоӣ орзумандам».

Дар барқияи табрикии Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Ба муносибати 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Муғулистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо аз номи мардуми муғул ва шахсан аз номи худам самимона табрику таҳният мегӯям.

Боиси хушнудист, ки дар тули 30 соли гузашта муносибатҳои анъанавии дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Муғулистон ва Тоҷикистон ба туфайли талошҳои муштарак муваффақона рушд меёбанд.

Аз ҳамкориҳо бо Шумо ҷиҳати минбаъд ҳам ғанӣ гардонидани муносибатҳои миёни ду кишвар бо мазмуну мундариҷаи воқеӣ шод хоҳам буд.

Бо истифода аз ин фурсат ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатмандии комил, дар фаъолияти кориатон комёбиҳои азим, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон шукуфоӣ орзумандам».

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520