Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Белгия Филипп

29.04.2022 16:50, шаҳри Душанбе

Имрӯз, 29 апрел, ба истиқрори робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия 30 сол пур мешавад.

Тайи ин солҳо Тоҷикистон ва Белгия ба сатҳи баланди шарикӣ даст ёфта, робитаҳои мазмунан ва сифатан нави байнидавлатиашонро ба таври назаррас таҳким бахшиданд.

Тоҷикистон ба густариши пайвастаи муносибатҳо бо Белгия, ки яке аз кишварҳои калидии Иттиҳоди Аврупо мебошад, аҳамияти хосса дода, дурнамои онҳоро умедбахш арзёбӣ менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни барқияи табрикии худ ба унвони Подшоҳи Белгия Филипп ӯро ба ин муносибат муборакбод намуда, барои Аълоҳазрат сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Белгия сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва шукуфоии беш аз пеш таманно намуданд.

Подшоҳи Белгия дар барқияи табрикии худ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30-юмин солгарди барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар ба Сарвари давлати мо ва мардуми Тоҷикистон таманниёти беҳтарини он ҷонибро дар ростои сулҳу шукуфоӣ иброз доштаанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520