Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар чорабиниҳои марказии бахшида ба таҷлили Наврӯзи хуҷастапай

21.03.2009 14:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои марказии бахшида ба таҷлили Наврӯзи хуҷастапай дар пойтахти мамлакат иштирок намуд.

Таҷлили Наврӯзи оламафрӯз, ин иди фархундаю пуршараф ва бостонии қавмҳои ориёӣ дар сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон имсол низ чун анъанаи накӯи ниёгони фарзонаамон бо корҳои ободонию созандагӣ ва тантанаҳои пуршукӯҳ ҷараён мегирад.

Рӯзи сеюм аст, ки тантанаҳои идонаю созандагии наврӯзӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегарданд.

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавии идона нахустин меҳмонхонаи панҷситорадори «Ҳаёт» - ро дар соҳили кӯли ҷавонони пойтахт расман ба истифода дода, ба сохтмони се иншооти азими дигар оғози расмӣ бахшид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба мавзеи сохтмони маркази тиҷоратии Душанбе, ки дар хиёбони Рӯдакии пойтахт қомат хоҳад афрохт, ташриф овард ва бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони он оғози расмӣ бахшид.

Зимни суханронии худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз оғози корҳои зиёди созандагӣ, ки имрӯз бо фаро расидани баҳори нозанин дар тамои гӯшаю канори мамлакат суръати тоза пайдо намудаанд, ёдовар шуда, ҳамагонро бо Наврӯзи Аҷам табрику таҳният гуфт ва ба сохтмончиён дар бунёди нахустин бинои 20 - ошёнаи пойтахт барору комёбӣ таманно кард.

Президенти мамлакат ҳамчунин таъкид намуд, ки дар лоиҳакашӣ ва бунёди биноҳои нав унсурҳои меъмории миллӣ бояд бештар ба инобат гирифта шавад, то ки шаҳри Душанбе симои пойтахти давлати тоҷиконро таҷассум карда тавонад.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи ин иншооти бузург зикр гардид, ки он аз 3 ошёнаи зеризаминӣ ва 20 ошёна дар рӯйи замин иборат буда, дар он маҷлисгоҳҳои хурду калон, утоқҳои мулоқоту музокирот ва корию маъмурӣ, толорҳои бузурги савдо, тарабхона, қаҳвахона, чойхона, толорҳои варзишӣ, таваққуфгоҳи зеризаминии мошинҳо ва ҳамчунин дар 8 ошёнааш меҳмонхонаи муосир ҷойгир мешавад.

Лоиҳаи ин марказ пурра аз ҷониби тарроҳони институти лоиҳакашии Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ омода гаштааст.

Аз ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи бунёди боғи умумишаҳрии фарҳангию истироҳатӣ, ки дар шафати шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳии Миллии Тоҷикистон доман паҳн мекунад, ташриф овард ва бо гузоштани хишти аввалу нома ба наслҳои оянда ба ободонии он оғози расмӣ бахшид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бунёди чорбоғҳо ва сарсабзу гулафшон кардани муҳити зистро аз ҷумлаи ойинҳои накӯи ниёгони сарфарозамон арзёбӣ намуда, аз таърихи суннатҳои бостонии боғдории онҳо ёдовар шуд.

Чунонки зикр гардид, боғи умумишаҳрии фарҳангию истироҳатӣ дар майдони 15 гектар бунёд ёфта, аз ду қисмат иборат хоҳад, ки яке барои кӯдакон ва дигаре барои калонсолон пешбинӣ шудааст.

Дар боғи мазкур ҳавзҳои шиноварӣ, фаввораҳои хурду бузург, гулгаштҳо, чойхонаю қаҳвахонаҳо, нуқтаҳои савдо, майдончаҳои варзишӣ, марказҳои компютерӣ ва ғайра омодаи қабули сокинону меҳмони пойтахт хоҳанд шуд.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани нахустин меҳмонхонаи 5-ситорадори Тоҷикистон Ҳаёт, ки дар хиёбони Исмоили Сомонӣ дар шафати кӯли Ҷавонон қомат афрохтааст, иштирок намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ сохтмони ин меҳмонхонаро, ки дар бунёд ва таҷҳизонидани он қариб 600 миллион сомонӣ харҷ шудааст, самти нав ва ояндадори ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Россияву Туркия арзёбӣ намуда, ба роҳбарияти ширкатҳои «Русские отели», «РАИНКО» ва «Созидание» барои маблағгузориашон арзи сипос кард.

Зимни шиносоӣ бо шароити меҳмонхона, бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки аз оғози сохтмони ин иморат, яъне аз 1 - уми марти соли 2006 дар он беш аз 1200 нафар бо кор таъмин буданд, ки 85% онро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медоданд. Аз ин пас бошад, дар ин ҷо то 500 нафар кормандони соҳаи хизматрасонӣ машғули кор хоҳанд шуд, ки аксари онҳо низ аз аҳолии маҳаллӣ хоҳанд буд.

Меҳмонхона дорои 221 утоқи истиқоматӣ, маркази соҳибкорӣ, маҷлисгоҳи бузурги дорои 500 ҷойи нишаст, тарабхона, қаҳвахона, маркази варзишию фароғатӣ ва дигар шароти муосири зисту истироҳат мебошад.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози сохтмони маркази фароғатии Сомониён, ки дар паҳлӯи меҳмонхонаи 5-ситорадори Ҳаёт ва кӯли Ҷавонон дар масоҳати 3 гектар бунёд меёбад, иштирок намуд.

Дар суханронии табрикии худ Сарвари давлат таъкид намуд, ки бинои асосии марказ аз ду ошёнаи зеризаминӣ ва ду ошёна дар рӯйи замин иборат буда, баландиаш ба 23 метр ва фарози Кушки он ба 36 метр мерасад.

Дар ду ошёнаи зеризаминии он барои 2 ҳазор мошин таваққуфгоҳ омода мегардад. Маркази мазкур аз 12 толори хурду бузург иборат буда, дар як вақт метавонад ба 2 ҳазор нафар мизоҷон хизматрасонӣ кунад.

Дар даромадгоҳи марказ шаршараи 15-метра бунёд ёфта, тоҷ ва ҳафт ситора чун нишона аз таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷик гузошта мешавад.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар сохтмони он аз тамоми назокату зебогии унсурҳои меъмории бостонӣ ва муосири миллию ҷаҳонӣ васеъ истифода хоҳад шуд ва ин маркази бошукӯҳ, ки чойхонаи миллӣ аз иншооти зеботарини он хоҳад буд, то ҷашни 20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бояд ба истифода дода шавад.

Бо ҳамин табъи болидаю идона аз фазои шодию фараҳ ва бунёдкорию созандагии наврӯзӣ, ки дар пайравию арҷгузорӣ ба суннатҳои волои ниёгони шарафманди тоҷикон муҳайё гаштааст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сӯйи базмгоҳи асосии Наврӯзи хуҷастапай - варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе равон шуд.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки имрӯз тамоми кӯчаю хиёбонҳо, марказҳои фарҳангӣ, боғҳои фароғатӣ ва гулгаштҳои пойтахт қабои идона ба бар доранд ва мардум бо суруру шодӣ ва умеду орзуҳои наку фарорасии баҳор, фасли гулу булбул, бедоршавии табиати зинда ва Наврӯзи оламафрӯз - соли нави ориёиро истиқбол мегиранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520