Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Валиаҳди Абӯ-Забӣ, Муовини Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён

13.05.2022 23:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Валиаҳди Абӯ-Забӣ, Муовини Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

“Волоҳазрат,

Хабари даргузашти бародари гиромиатон, Президенти Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Халифа ибни Зоид Оли Наҳён боиси андӯҳи бузурги мо гардид.

Марҳум ходими барҷастаи сиёсиву давлатӣ ва яке аз бузургтарин шахсиятҳои мамлакат, минтақа ва ҷаҳон буд ва барои зиндагии осоиштаи ҷамъият ва пешрафту тараққии Аморот саҳми бузург гузоштааст.

Дар замони раҳбарии шодравон ба шарофати талошҳои пайвастаи ӯ муносибатҳои созандаи дуҷонибаи Тоҷикистону Аморот рушду тавсеаи тоза ёфта, ба сатҳи сифатан баландтар бардошта шуданд. Мулоқоту тамосҳои сермаҳсули худро бо эшон бо некӣ дар ёд дорам. Мардуми Тоҷикистон имрӯз дӯсти дерина ва самимии худро аз даст дод.

Дар ин рӯзи мусибати бузург аз номи худ, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқ ва тасаллиёти самимии ин ҷонибро нисбати ин талафот ба тамоми мардуми бародари Амороти Муттаҳидаи Араб баён намуда, аз даргоҳи Худованди мутаол масъалат дорам, ки шодравонро ғариқаи раҳмату шоистаи ҷаннат бигардонад ва ба наздикону пайвандонаш сабри ҷамил ато фармояд.

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиун”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520