Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

01.08.2012 16:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳоро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонид.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», «Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам», «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Таҳрири нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» бо мақсади ҳифзи ҳаёту саломатии инсон, манфиатҳои истеъмолкунандагон, олами набототу ҳайвонот ва муҳити зист қабул гардида, муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам» маротибаи аввал қабул гардида, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи самараноки захираҳои генетикии набототи корам танзим намуда, ҳамзамон амали он бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ, экологӣ ва биологӣ, амалӣ намудани фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, селексионӣ, таҳсилотӣ дар соҳаи мазкур равона карда шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» низ санади нав буда, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, молиявӣ ва ҳамкории давлатро бо бахши хусусӣ дар низоми таҳсилоти касбӣ муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат танзим менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади таҳкими минбаъдаи асосҳои ҳуқуқии истифодаи замин, аз ҷумла истифодабарии самараноки он ва ташкили муомилоти ҳуқуқи истифодабарии замин қабул карда шудааст. Дар маҷмӯъ ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замин ин ҷорӣ намудани бозори ҳуқуқи истифодаи замин буда, амалӣ намудани он барои ислоҳоти минбаъдаи замин, инкишофи муносибатҳои нави бозорӣ дар робита ба ҳуқуқи истифодабарии замин равона карда шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» бо мақсади мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ доир ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм қабул карда шуда, масъалаҳои тартиб додани рӯйхати миллии шахсони бо терроризм алоқамандро ба танзим медарорад.

Қонунҳои баимзорасида дар маҷмӯъ ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои инсону шаҳрванд, давлат ва ҷамъият ва рушди соҳибкорӣ нигаронида шудаанд.

Матни пурраи қонунҳои баимзорасида рӯзҳои наздик дар рӯзномаҳои расмии кишвар интишор карда мешаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520