Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ

07.06.2022 17:55, шаҳри Душанбе

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Ориф Алвӣ ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Ориф Алвӣ омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо сарфарозӣ Шуморо ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносиботи дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон сидқан табрику таҳният гуфта, таманниёти нек ва самимии худро мерасонам.

Боиси қаноатмандист, ки тайи ин солҳо муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои судманди кишварҳои мо дар арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мунтазам густариш ёфта, мазмуну мундариҷаи тоза касб кардаанд.

Мо сатҳу мӯҳтавои кунунии робитаҳои фарогири кишварҳоямонро, ки бар пояи арзишҳои муштараки таърихӣ, тамаддунӣ ва усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар ва эътимод асос ёфтаанд, баланд арзёбӣ карда, ҷавобгӯи манофеи аслии мардумони ду кишвар медонем.

Итминон дорам, ки бо азму талошҳои пайгиронаи муштарак мо робитаҳои шарикии кишварҳоямонро дар оянда низ рушду тавсеа бахшида, метавонем дар соҳаҳои мухталиф ба зинаҳои боз ҳам баланд барорем. Ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки дар ин ҷода тадбирҳои амалии лозима андешад.

Бо истифода аз фурсати фараҳбахш ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатмандии комил, саодати рӯзгор  ва комёбӣ, ба мардуми дӯсти Покистон сулҳи пойдор, дастовардҳои навин ва пешрафту шукуфоии бемайлон орзумандам».

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Ориф Алвӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Ман бо ирсоли нома самимонатарин табрикоти худро ба муносибати 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Покистон ва Тоҷикистон ба Шумо баён менамоям.

Ба равобити бародаронаи ду кишвари мо манфиат ва арзишҳои муштарак, диду назари умумии сулҳу шукуфоии минтақаи мо хос аст. Покистон ба муносибатҳои худ бо Тоҷикистон аҳамияти хоса медиҳад ва ҷонибдори густариш ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мо ба нафъи халқҳоямон мебошад.

Покистон ва Тоҷикистон ҳамеша дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа саҳм гузоштаанд. Ман боварии комил дорам, ки мо метавонем дидгоҳи муштараки худро оид ба густариши робитаҳои минтақавӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ байни Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ тавассути густариши ҳамкориҳои дуҷониба амалӣ созем.

Ман умедворам, ки бо Шумо барои таҳкими шарикии бисёрҷанбаи мо дар солҳои оянда ҳамкорӣ намоям.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, таманниёти беҳтаринамро ба Шумо мерасонам ва ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом, ба мардуми Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ хоҳонам.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, изҳори эҳтироми олии маро қабул кунед».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520