Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

10.06.2022 12:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат бо кадрҳое, ки дар сохтори Вазоратҳои маориф ва илм, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, Осорхонаи миллӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардиданд, сӯҳбат намуданд.

Пешвои миллат зимни мулоқот аз таҳлилу баҳогузорӣ ба фаъолияти роҳбарони мақомоти давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳимму рӯзмарра, нақши ҳар як мутахассис дар пешрафти соҳа вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бо далелу рақамҳои дақиқ мисол оварда, дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ба роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ ҷиҳати тарбияи мутахассисони ҷавон, кордону ватандӯст ва дорои ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ дастуру супориш дода, Сарвари давлат, бахусус, ба соҳаи илму маориф, ки махзани асосии тайёр кардани кадрҳои соҳибмалака дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Дар сохтору мақомоти зикргардида аз баъзе камбудиву норасоиҳо ёдовар шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки; «кадрҳои ҷавон бояд бо завқи беандоза, дасту дили пок, савияи баланди донишҳои замонавӣ, маҳорати роҳбарӣ ва суханвариву забондонӣ барои аз байн бурдани монеаҳои роҳҳои рушду тараққиёти давлат - хурофотпарастӣ, ришваситонӣ ва дигар омилҳои халалдоркунандаи волоияти қонун мубориза баранд ва дар ҷомеа намунаи ибрат бошанд».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520