Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст

04.03.2009 14:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯстро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба барномаи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ба наздикӣ бо ҳадафи иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ва рушди муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвари дӯсту ҳамзабон сурат мегирад, баррасӣ шуд.

Зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ин сафар ғайр аз иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) аз чанд минтақаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дидан карда, ба роҳу воситаҳои нави густариши ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангии ду кишвар заминагузорӣ хоҳад кард.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Эрон метавонанд баҳри коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ тадбирҳои судманди муштарак тарҳрезӣ намоянд.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба рафти сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2 ва татбиқи дигар лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону Эрон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520