Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

02.03.2009 12:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири мамлакат ва муовинони ӯ, мушовирони давлатии Сарвари давлат, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва дигар шахсони масъул оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар зарфи ду моҳи гузашта машварати корӣ доир намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузориши шахсони масъулро оид ба нишондодҳои иҷтимоию иқтисодӣ, рафти иҷрои буҷети давлатӣ, фаъолияти бонкҳо, корхонаҳои саноатӣ, рафти бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна, омодагӣ ба кишти баҳорӣ ва такрорӣ ва корҳои ободонию созандагӣ шунида, ба онҳо оид ба ҷоннок намудани кор дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа супоришҳои мушаххас дод.

Дар мавриди таҷлили иди Наврӯз дастур дода шуд, ки чорабиниҳои идона бояд бештар ба тарғибу ташвиқ ва муаррифии таъриху фарҳанги пурғановат ва расму ойини пурифтихори ниёгон нигаронда шуда, сарфаю сариштакорона гузаронда шаванд.

Таъкид гардид, ки барои саривақту босамар ташкил намудани кишти баҳорӣ ва дар 160 ҳазор гектар замин гузарондани кишти такрорӣ бояд аз тамоми имкону захираҳо истифода карда шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520