Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз бинои технологӣ ва Дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазӣ дар Неругоҳи барқи обии “Роғун”

12.07.2022 12:40, шаҳри Роғун
Боздид аз бинои технологӣ ва Дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазӣ дар Неругоҳи барқи обии “Роғун”  12.07.2022

12 июл дар идомаи боздид аз Неругоҳи барқи обии “Роғун” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ба бинои технологӣ ва Дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазӣ ташриф оварданд.

Иншоот 16 ноябри соли 2018 бо иштироки Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор андохта шуда, айни замон вобаста ба иқтидори неругоҳ фаъол мебошад.

Бинои технологӣ аз 5 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якуми он шахтаҳои кабелӣ, маҷмӯи дастгоҳҳои тақсимоти 15,75 ва 6кВ, таҷҳизоти ҷараёни тағйирёбандаи 0,4 кВ, дастгоҳҳои идоракунандаи ҷараёни доимӣ ва дигар таҷҳизоти истеҳсолию корӣ насб карда шудааст. Дастгоҳу таҷҳизоти дар ин ҷо васлу насбгардида вобаста ба таъинот этиёҷоти хусусии неругоҳ ва бехатарии иншооти гуногунро таъмин менамоянд. Технология навтарин истеҳсоли Ҷопон, Фаронса ва Русия буда, фаъолияти он ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад ва барои хизмат расонидан ба 6 агрегати  Неругоҳи барқи обии “Роғун” пурра омода аст.

 Зимни боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Озмоишгоҳи кимёвии иншоот камназир буда, дар он имкон аст тамоми намуди маҳлулҳо аз таҳлили кимиёвию хромографӣ гузаронида шавад. Аз ҷумла, дар озмоишгоҳи мазкур таҳлили пурраи равғанҳо, хоса равғани трансформаторӣ, турбинӣ, компрессорӣ, гидравликӣ ва муҳаррикӣ, инчунин санҷиши обҳои нӯшокӣ ва техникӣ гузаронида мешавад.

 Ҳуҷраҳои озмоишгоҳ бо 25 намуд таҷҳизоти санҷишӣ, зарфҳо ва маводи кимиёвӣ таъмин карда шудаанд.

Дастгоҳҳои озмоишгоҳ бо саҳеҳияти баланди ташхисӣ фаъолият намуда, барои назорати равиши кор дар ҳар кадоми он камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шудаанд. Ин низом имкон медиҳад, ки мутахассис аз ҳолати кори дастгоҳҳо саривақт воқиф гардида, дар сурати сар задани камбудӣ дарҳол бартараф намояд.

 Дар озмоишгоҳ ҳамчунин дастгоҳҳои хроматографӣ мавҷуд аст, ки бо истифода аз он газҳои ҳалшудаи таркиби равғани трансформаторӣ, аз қабили нитроген, оксиген, гидроген, асетилен, метан, этан, этилен, оксиди карбон, дуоксиди карбон, инчунин миқдори ионол, об ва пайвастагиҳои фуранӣ аз ташхис гузаронида мешавад.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи самараноку оқилонаи технологияи мавҷуда ва ташхиси дақиқи маҳлулҳоро дар озмоишгоҳ муҳим ва ҳатмӣ шумориданд.

Шахтаҳо ва камераҳои кабелию вентилятсионӣ, таҷҳизоти ҳимоявии Дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазии 500/220кВ дар ошёнаҳои сеюм ва чоруми бино ҷойгир карда шудаанд.

Дастгоҳи марказии идоравии Неругоҳи барқи обии “Роғун” ҳам дар ошёнаи чорум ҷой дорад. Ин ҷо аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳа навбатдории шабонарузӣ ташкил карда шудааст, ки онҳо тавассути дастгоҳи марказии идоравӣ фаъолияти таҷҳизоти толори мошинҳо, бинои трансформаторҳо ва бинои Дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазии 500/220кВ, инчунин дигар таҷҳизоти технологӣ ва хатҳои интиқоли барқро ҳамаҷониба назорат ва идора мекунанд.

Дар майдончаи таҷҳизоти берунаи иншоот бошад, 6 автотрансформатори 500/220/15.75, 3 реактори заминпайванди 500 кВ ва 2 трансформатори эҳтиёҷоти дохилии неругоҳ васлу насб карда шудааст, ки мавриди истифода қарор доранд. Ғайр аз ин, дар ин ҷо таҷҳизоти баромади элегаз - ҳаво, трансформаторҳои ҷараёнӣ, трансформаторҳои шиддатӣ ва маҳдудкунандаҳои фузуншиддатӣ барои хатҳои интиқоли барқи 500кВ ва 220кВ васлу насб гардидаанд.

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазии 500/220кВ шинос шуданд.

Вазифаи асосии Дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазии 500/220кВ тавассути 6 хати интиқоли барқи 500 кВ, аз ҷумла хати интиқоли барқи “Роғун-Шимол”, “Роғун- Душанбе-1”, “Роғун- Душанбе-2”, “Роғун - Ҷануб”, “Захиравӣ” ва 2 хати интиқоли барқи 220 кВ, аз қабили хатҳои интиқоли барқи “Роғун-Зеристгоҳи Роғун-1” ва “Роғун - Зеристгоҳи Роғун-2” пайваст намудани барқи дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” истеҳсолгардида ба системаи энергетикии ҷумҳурӣ мебошад.

Айни замон хатҳои интиқоли барқи “Роғун- Душанбе-1” ва “Роғун- Душанбе-2” мавриди истифода қарор доранд ва қисмати Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазӣ зери шаддати 500/220 кВ қарор доранд. Аз аввали баистифодадиҳии иншоот то 1 июли соли 2022 ба системаи энергетикии мамлакат 4 миллиарду 593 миллиону 720 ҳазору 560 кВт соат нерӯи барқ содирот гардидааст.

 

Дар назар аст, ки хатҳои интиқоли барқи “Роғун-Зеристгоҳи Роғун-1” ва “Роғун-Зеристгоҳи Роғун-2” то моҳи сентябри соли ҷорӣ ба истифода дода шаванд. Дар бинои Дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазӣ таҷҳизоти хомушкунандаи элегазии 220 кВ ва 500 кВ, ҷудокунандаҳо ва заминпайвандҳо, маҷмӯи ноқилҳои ҷараёнгузари 500 кВ ва 220 кВ, инчунин таҷҳизоти иловагӣ ва ёрирасон васлу насб карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз масъулон назорати доимӣ ва истифодаи дурусту босамари таҷҳизоти мавҷуда, тӯлонии дастгоҳҳои васлу насбгардидаро талаб карда, онҳоро барои баланд бардоштани сатҳу сифати техникии кормандон муваззаф намуданд.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520