Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонию мустаҳкамкунии нишебиҳои баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3)-и НБО “Роғун” аз майдончаи назоратии роҳи нақлиётии №5

12.07.2022 12:45, шаҳри Роғун
Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонию мустаҳкамкунии нишебиҳои баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3)-и НБО “Роғун” аз майдончаи назоратии роҳи нақлиётии №5  12.07.2022

Дар идомаи сафари корӣ дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода аз майдончаи назоратии роҳи нақлиётии №5 бо рафти корҳои сохтмону мустаҳкамкунии баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3) шинос шуданд.

Бармадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3) дар тарози 946-973 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дорои чоҳи мавҷшикан мебошад. Баландии баромадгоҳи нақб 26 метрро ташкил медиҳад. Корҳои мустаҳкамкунии канораҳои кӯҳ аз тарафи паймонкори иншоот – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Вахш - сохтмон” дар асоси лоиҳа ва нақшаи тасдиқгардида бо сифати баланд ҷараён доранд.

Таъкид гардид, ки нишебиҳои баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3) бо роҳи насби анкерҳо, пошидани маҳлули бетонӣ ва насби лӯлаҳои заҳкаш мустаҳкам карда мешавад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки аз рӯи лоиҳа корҳои заминӣ то имрӯз 657 ҳазору 900 метри мукааб ва бетонхобонӣ 142 ҳазору 400 метри мукааб иҷро шудааст. Ҳамзамон дар асоси талабот ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ дар иншоот то имрӯз 8 ҳазору 300 тонна арматура истифода гардидааст. Тибқи лоиҳа корҳои заминӣ дар ин мавзеи сохтмон 5,3 миллион метри мукааб пешбинӣ гардидааст ва аллакай 4 миллиону 900 ҳазор метри мукааби он ба иҷро расонида шудааст.

Тибқи лоиҳа ҳаҷми умумии пошидани маҳлули бетонӣ дар нишебиҳои баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3) 309 ҳазору 900 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Мутахассисону кормандон дар ин мавзеи сохтмон 265 ҳазору 200 метри мураббаъ маҳлули бетонӣ пошидаанд. Барои устувории кӯҳ дар асоси лоиҳа дар ин қитъаи сохтмонӣ бояд 61 ҳазору 100 метр анкерҳои ПНА ва 195 ҳазору 400 метр анкерҳои АЖГ насб карда шаванд, ки то имрӯз 58 ҳазору 100 метр анкерҳои ПНА ва 173 ҳазору 700 метр анкерҳои АЖГ насб гардидаанд.

Бо дарназардошти таъмини устувории баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3) тибқи лоиҳа дар ин қитъаи неругоҳ 91 ҳазор метр чоҳҳои заҳкаш иҷро карда мешаванд ва ҳоло 70 ҳазору 700 метр чоҳҳои заҳкаш иҷро гардидааст, ки 77 фоизи нақшаи умумии корҳои дар ин самт пешбинишударо ташкил медиҳад.

Раванди бунёдкорӣ дар нишебиҳои баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3) -и иншооти азими аср дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи мутахассисони дорои таҷрибаи баланди касбӣ бо суръат идома дорад.

Зимни боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони муҳандисию техникӣ дастур доданд, ки минбаъд низ ба иҷрои босифати корҳои бунёдӣ дар ҳамаи қитъаҳои Неругоҳи барқи обии “Роғун” диққати махсус равона намоянд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520