Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз коллектори агрегатҳо, бинои трансформаторҳо ва толори мошинҳои Неругоҳи барқи обии “Роғун”

12.07.2022 12:56, шаҳри Роғун
Боздид аз коллектори агрегатҳо, бинои трансформаторҳо ва толори мошинҳои Неругоҳи барқи обии “Роғун”  12.07.2022

12 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ба маҳалли сохтмони коллектори агрегатҳои №1, 2 ва 3,  бинои трансформаторҳо ва толори мошинҳо, ки аз иншооти муҳими Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба ҳисоб мераванд, ташриф оварданд.

Коллекторҳо дар сатҳи 966 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, барои партофтани оби аз агрегатҳо хориҷшуда тавассути нақбҳои сохтмонии қабати якум ва дуюм хизмат мерасонанд. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2011 оғоз гардида, аз рӯи лоиҳа ҳаҷми умумии корҳои ҳаффорӣ 57 384 метри мукааб ва хобонидани бетони конструктивӣ 12 340 метри мукаабро ташкил медиҳад.

Зимни шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълум гардид, ки то имрӯз ҳаҷми умумии бетонхобонӣ ба 11 600 метри мукааб ва нақбҳои кандашуда ба 33 300 метри мукааб баробар гардидааст. Аз рӯи лоиҳа дарозии коллектори агрегати №1 – 16,1 метр, №2 – 28,4 ва коллектори агрегати №3 – 48,4 метрро ташкил медиҳад. Нақби якҷояшавии коллекторҳо 185,84 метр буда, баландии он 17 метр аст.

Корҳои анкергузорӣ ва сементатсионӣ дар ин иншооти неругоҳ аз тарафи мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нурсоз” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Саманд - Сохтмон” тибқи лоиҳаи тасдиқшуда ва ҷадвали иҷроиши корҳо бо сатҳу сифати баланд пеш бурда мешавад. То ба имрӯз дар коллектори агрегатҳои №1, 2 ва 3 корҳои сементатсиониро дар ҳаҷми 10 594 метри тӯлонӣ ба сомон расонида, шумораи анкерҳои насбгардида 40 ададро ташкил медиҳад.

 Бинои трансформаторҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар умқи  380-400 метр аз сатҳи замин ҷойгир аст. Дарозии иншоот 200 метр, паҳноии он 18 ва баландиаш 42,4 метрро дар бар мегирад. Дар қисми поёнии иншоот, мавзеи агрегати 5-6 бинои идоракунии дарвозаҳои таъмирӣ сохта ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Дарвозаҳои таъмирӣ тавассути кран идора карда мешаванд. Дар даромадгоҳи иншоот майдончаи васлгарӣ мавҷуд аст ва дар он барои васлу насби таҷҳизоти электрикию гидравликӣ шароит муҳайё мебошад. Ҳаҷми умумии бетони хобонидашуда дар иншоти мазкур 68 229 метри мукааб ва корҳои нақбканӣ 169 400 метри  мукаабро ташкил медиҳад. Иҷрои чунин корҳоро мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Соҳили Нур” пеш мебаранд.

Корҳои сохтмону васлгарӣ дар бинои трансформаторҳо аз рӯи нақша ва бо риояи талаботи соҳа ба сомон расонида мешавад. Дар ин ҷо, барои ҳар як агрегати Неругоҳи барқи обии “Роғун” трансформатори пуриқтидор ва дигар таҷҳизоти ёрирасон васлу насб мегардад. Дар толори таҷҳизоти электротехникии бино 2 маҷмӯи батареяҳои аккумуляторӣ ва дигар таҷҳизоти электротехникӣ ворид ва насб карда шудааст, ки имрӯз фаъолият доранд. Бунёди ду зеристгоҳи эҳтиёҷоти хусусии агрегатӣ, 2 зеристгоҳи умуминеругоҳӣ бо 8 трансформатор таҷҳизоти Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи 6 кВ бо 50 маҷмӯи генераторӣ, инчунин трансформатори агрегатҳои №6 ва №5 бо 6 маҳдудкунандаи баландшиддати 500 кВ ва қубурҳои системаи хунуккунии онҳо пурра ба анҷом расида, ноқилҳои ҷараёнгузари элегазӣ бо элегаз таҳти фишори 4.3 атмосфера гузошта шудаанд. Озмоишҳои барқӣ ва химиявии трансформатори агрегати №6 аз тарафи ширкати “ТВЕА”-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ба анҷом расонида шудааст. Айни замон трансформатори агрегатҳои №6 ва №5-и Неругоҳи барқи обии “Роғун” мавриди истифода қарор доранд.

Дар толори мошинҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳои нақбканӣ ва бетонгирӣ дар нақбҳои ҷаббандаи рақамҳои 1,2 ва 3 шинос шуданд.

Корҳои ҳаффорӣ ва бетонхобониро дар нақбҳои ҷаббандаи зикршуда мутахассисону кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Инвентор”, Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “ТоҷикСГЭМ” ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Гидромонтажи Осиёи Марказӣ” аз рӯи лоиҳа идома медиҳанд. Баландии толори мошинҳо 68,7 метр буда, паҳноии он 20,8 ва дарозиаш 219,7 метрро дар бар мегирад. Дар иншооти мазкур корҳои нақбканию бетонхобонӣ бо назардошти лоиҳаи тасдиқгардида шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҳаҷми умумии корҳои нақбканӣ ба андозаи 245 400 метри мукааб ба сомон расонида шуда, бетонхобонӣ 64 400 метри мукаабро ташкил медиҳад. Толори мошинҳо барои васлу насби гидроагрегатҳо ва таҷҳизоти гидромеханикӣ пешбинӣ шудааст. Ҳоло дар толор ду гидроагрегат фаъолият дорад ва дар оянда боз чор гидроагрегати дигар ва таҷҳизоти гидромеханикӣ васлу насб карда мешавад.  

Бунёдгузори Неругоҳи барқи обии “Роғун” – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз масъулин ва кормандони муҳандисию техникии иншоот риояи пурраи талаботи соҳаро дар вақти сохтмон ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизот талаб намуда, заҳмату талоши шабонарӯзии онҳоро  ҷиҳати саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қобили таҳсин хонданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520