Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон Изатулло Зарғоми

18.02.2009 16:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Раиси Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон Изатулло Зарғомиро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар соҳаи фарҳангу иттилоот, аз ҷумла телевизион, радио ва синамо баррасӣ шуд.

Изатулло Зарғомӣ дар оғоз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри сӯҳбати пурмӯҳтавояш бо намояндагони Парлумони Аврупо ва пуштибонӣ аз ҳуқуқу манофеи Ҷумҳурии Исломии Эрон арзи сипос намуд.

Дар мавриди робитаҳои дуҷониба таъкид гардид, ки умумиятҳои фарҳангӣ, аз ҷумла таърихӣ, забонӣ ва динии ду кишвар худ заминаи мусоиде аст барои рушди ҳамкориҳои густурда дар ин самтҳо.

Ҳарду ҷониб бар он таъкид доштанд, ки сохторҳои марбутаи Тоҷикистону Эрон баҳри таҳия ва тавлиди маводи муштараки телевизионию радиоӣ ва синамо, омӯзиши мутахассисони ҷавон ва дар дигар самтҳо бояд ҳамкориро тақвият диҳанд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин атрофи омодагӣ ба ифтитоҳи телевизиони муштараки Тоҷикистону Эрону Афғонистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520