Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар вохӯрӣ бо бунёдгарони неругоҳи барқи обии «Роғун»

13.07.2022 09:00, шаҳри Роғун
Мулоқот бо сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва фаъолони шаҳри Роғун 13.07.2022

Муҳтарам бунёдгарони неругоҳи барқи обии «Роғун»!
Ҳозирини гиромӣ!

Аз мулоқоти охирини мову шумо дар ин арсаи заҳмату шуҷоат зиёда аз якуним сол сипарӣ гардид.

Дар ин муддат аз заҳмати содиқонаи шумо тавассути ҳисоботу маълумоте, ки ба ман мерасад, доим бохабар ҳастам ва дар ҷараёни боздиди навбатӣ бори дигар аз матонату диловарӣ ва саҳми ҳар як сохтмончӣ дар суръат бахшидани корҳо ва таъмин намудани сифати баланди онҳо шоҳид гардидам.

Ҳамаи мо рӯзҳои фараҳбахшу таърихии ба истифода супоридани агрегатҳои нахустини неругоҳро хуб дар хотир дорем.

Имрӯз бо ифтихор иброз медорем, ки барқи дар агрегатҳои аввалини неругоҳи «Роғун» истеҳсолшуда хонаҳои мардуми Тоҷикистонро равшан намуда, ба фаъолияти муназзам ва рушди иқтисоди миллии кишвар мусоидат карда истодааст.

Қобили зикр аст, ки аз оғози фаъолияти ду агрегати неругоҳ то ба имрӯз зиёда аз 4,6 миллиард киловатт – соат неруи барқ истеҳсол гардидааст.

Дар робита ба ин, ба сохтмончиёни «Роғун» хотиррасон менамоям, ки барои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол қонеъ гардонидани талаботи рӯз ба рӯз афзояндаи соҳаҳои истеҳсолӣ ва аҳолии кишвар ба нерӯи барқ зарурати аввалиндараҷа мебошад.

Ҳамасола дар сатҳи на камтар аз 7 фоиз рушд ёфтани иқтисодиёти кишвар боиси афзоиши талаботи солона ба нерӯи барқ дар ҳаҷми ду - дуюним фоиз мегардад.

Дар баробари ин, дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат аз 5,5 миллион нафар то 10 миллион нафар, яъне қариб 2 баробар зиёд шуда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум талаботро ба нерӯи барқ торафт бештар мегардонад.

Ҳамзамон бо ин, аз ибтидои соли ҷорӣ панҷсолаи саноатикунонии мамлакат шурӯъ гардид, ки барои расидан ба ин ҳадафи миллӣ пурра таъмин намудани соҳаҳои саноат, алалхусус, саноати маъдан, металлургия, кимиё ва саноати сабук бо неруи барқ ҳатмӣ мебошад.

Зеро пешрафти минбаъдаи кишвар бе таъмин намудани рушди соҳаи саноат бисёр мушкил мебошад.

Инчунин, таъмин кардани рушди соҳаи кишоварзӣ ва обёрии заминҳо тавассути пойгоҳҳои обкашӣ низ минбаъд истеъмоли неруи барқро дар кишвар зиёд менамояд.

Бинобар ин, тезонидани ҷараёни корҳои сохтмон дар иншооти неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пеш аз муҳлатҳои муайянгардида ба анҷом расонидани марҳалаҳои баланд бардоштани сатҳи сарбанд ва ба истифода дадани агрегатҳои навбатӣ бисёр муҳим ва зарур мебошад.

Ҳозирини гиромӣ!

Барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмону васлгарии неругоҳи барқи обии «Роғун» тайи солҳои 2008 – 2021 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо беш аз 31 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шудааст.

Дар соли 2022 барои идомаи сохтмони неругоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ боз 2,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ҷалби маблағҳои иловагӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

Мо дирӯз бо ҷараёни корҳо аз наздик шинос шудем ва дар иншооти пешазшартномавӣ ва иншооти мансуб ба ЛОТ-ҳои 1,2,3,4 пешравиҳои назаррасро мушоҳида намудем.

Корҳо, алалхусус, дар обқабулкунакҳои асосӣ, роҳҳои дастрасӣ ба онҳо, мустаҳкамсозии фарози кӯҳҳо, баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати 3 ва 4, нақбҳои обрасон ва ҷабандаву сементатсионӣ, нақбҳои нақлиётӣ, ки роҳи асосиро ба шонаи сарбанд пайваст мекунанд, шахтаи ҳаводиҳанда ва дигар иншоот қобили таваҷҷуҳ мебошанд.

Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, ҳоло дар сохтмон 10 ҳазору 517 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ, аз ҷумла 332 нафар мутахассисони хориҷӣ фаъолият доранд, ки 97 фоизи онҳоро коргарону мутахассисони ватанӣ ташкил медиҳанд.

Шумораи мошину механизмҳое, ки дар сохтмон истифода мешаванд, 3219 адад мебошад.

Аз оғози соли ҷорӣ барои пардохти корҳои сохтмону васлгарӣ, лоиҳакашию таҳқиқотӣ, хариди таҷҳизот, молу масолеҳи сохтмон ва дигар хизматрасониҳо, дар маҷмӯъ, 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст.

Бояд гуфт, ки корҳои сохтмони неругоҳ ба лотҳои алоҳида, аз ҷумла ба ЛОТ-и 1 – таҷҳизоти электромеханикӣ, ЛОТ-и 2 – сарбанди неругоҳ, ЛОТ-и 3 – иншооти соҳили рост ва ЛОТ-и 4 – иншооти соҳили чап тақсим шудаанд.

Хусусиятҳои технологии сохтмони неругоҳ дар марҳалаи кунунӣ бо дарназардошти таъмин намудани беҳатарии иншоот ва тибқи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ анҷом додани сифати корҳо чунин аст, ки иҷрои корҳо дар ЛОТ-ҳои зикргардида бо ҳамдигар вобастагии мустақим дорад ва қафомонӣ дар яке аз онҳо боиси қафомонии корҳо дар дигар самтҳо мегардад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҷараёни кор дар онҳо ба таври муштарак ва дар ҳамоҳангӣ пеш бурда шавад.

Бояд гуфт, ки мардуми Тоҷикистон интизори пурра ба фаъолият оғоз кардани неругоҳи «Роғун» мебошанд.

Аз ин лиҳоз, шумо – сохтмончиён бояд корро имрӯз нисбат ба дирӯз вусъат бахшида, дар ин раванд сифати баланди корҳоро таъмин намоед.

Бунёди сарбанд – яке аз иншооти муҳимми неругоҳ ба уҳдаи ширкати «Вибилд»-и Италия вогузор гардидааст.

Тибқи маълумот дар минтақаи сарбанди неругоҳ то имрӯз дар ҳаҷми 16,7 миллион метри мукааб мавод хобонида шудааст.

Дар минтақаи ядрои сарбанд корҳои тоза намудан, мустаҳкамсозиву бехатаргардонии соҳилҳои чапу рости паҳлуи кӯҳҳо тибқи лоиҳа иҷро гардида, дар ҳаҷми беш аз 3 миллион метри мукааб корҳои заминӣ ба анҷом расонида шудаанд ва корҳои зери таҳкурсии бетони шиббашаванда оғоз гардидаанд.

Дар муҳлати панҷ моҳ хобонидани бетони шиббашавандаи таҳкурсии ядрои сарбанд дар ҳаҷми 268 ҳазор метри мукааб ба нақша гирифта шудааст ва ин кор бояд шабонарӯзӣ ба роҳ монда шавад.

Мо, ҳамчунин, бо вазъи корҳо дар нақби сохтмонии қабати 4-ум шинос шудем.

Таъкид менамоям, ки дар муҳлатҳои тасдиқшуда ба истифода додани ин нақб аз ҷумлаи корҳои зарурӣ ба шумор меравад, зеро боло бурдани сатҳи сарбанд ва обгирии обанбор то сатҳи 1110 метр аз иҷрои ин кор вобаста мебошад.

Ширкати «Вибилд»-ро зарур аст, ки иҷрои корҳоро то сатҳи 1110 метр дар муҳлатҳои муайянгардидаи зарурӣ таъмин намояд, то ки обовардҳо нақбҳо ва иншооти дигарро хароб насозанд ва ба пур намудани обанбору фаъолияти муназзаму самараноки агрегатҳои насбшудаи неругоҳ, инчунин, ба бехатарии иншоот таъсири манфӣ нарасонанд.

Ширкат бояд барои суръат бахшидан ба хобонидани маводи сарбанд на камтар аз 60 – 70 ҳазор метри мукааб дар як шабонарӯз чораҷӯӣ карда, корҳоро бо реҷаи шабонарӯзӣ, яъне 24 соат ташкил ва шумораи мошину механизмҳоро бамаротиб зиёд намояд.

Дар ин самт, хусусан, бо иқтидори лоиҳавӣ ва самаранок истифода кардани хатти конвейерӣ ва роҳҳои боркашӣ, ки яке аз масъалаҳои ҳалталаби ширкат ба шумор меравад, зарур мебошад.

Ҳамзамон бо ин, фармоишгар ва ширкатҳои пудратӣ бояд истифодаи пурсамару шабонарӯзии тамоми техникаву механизмҳо ва таҷҳизоти теҳнологии дар сохтмон истифодашавандаро таъмин намоянд ва барои ба иншоот ворид намудани воситаҳои техникии иловагӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Ташкилу татбиқи мониторинги инструменталӣ дигар масъалаи муҳим мебошад, ки барои таъмин намудани бехатарии неругоҳ ҳангоми сохтмон ба он бояд диқати аввалиндараҷа дода шавад.

Ҳоло дар 51 қитъаҳои гуногуни неругоҳи «Роғун» қариб 36 000 асбоби санҷишу ченкунӣ васлу насб карда шудааст.

Дар атрофи иншоот ва обанбори неругоҳҳои «Роғун» ва «Норак» 11 пойгоҳи сейсмикии рақамии моҳворавӣ бо маркази сейсмикии Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқии обии «Роғун» васлу насб гардида, бо хатти баландсуръати интернет ба маркази сейсмикии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пайваст карда шудаанд.

Бори дигар хотиррасон менамоям, ки ташкил ва таъмин намудани мониторинги техникиву технологии сатҳи байналмилалӣ дар неругоҳи барқи обии «Роғун», ки аз маҷмааи иншооти зеризаминӣ ва баландтарин сарбанди гидротехникии дунё иборат аст, зарур ва ҳатмӣ мебошад.

Борҳо таъкид кардаам, ки неругоҳи барқи обии «Роғун» барои садсолаҳо бунёд мегардад.

Бинобар ин, бояд ба сифати корҳои сохтмон, истифодаи масолеҳи баландсифати сохтмон ва таҷҳизоти ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Ҳамватанони азиз!

Дар давоми даҳ соли охир бо мақсади кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаи зериобшавандаи неругоҳи барқи обии «Роғун» мутобиқи қонунҳои Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати мамлакат ва талаботи Бонки Умумиҷаҳонӣ дар марҳалаҳои якум ва дуюм, дар маҷмӯъ, 2726 оила бо шумораи 12 540 нафар аҳолӣ кӯчонида шудааст ва ҳоло дар манзилҳои нави доимӣ истиқомат дошта, бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин гардидааст.

Раванди кӯчонидани дигар деҳаҳои минтақаи зериобшавандаи ноҳияи Нуробод тибқи ҷадвали корҳои сохтмони сарбанд ва пур намудани обанбори нерӯгоҳ идома дорад.

Бо мақсади таъмин намудани шароити мусоид дар маҳаллаҳои нави зисти оилаҳои кӯчонидашуда сохтмони иншооти муҳимми инфрасохторӣ, пеш аз ҳама, мактабҳо, марказҳои саломатӣ, хатҳои оби нӯшокӣ, барқ ва роҳҳо бунёд гардидаанд.

Аз ҷумла дар давоми даҳ соли охир, яъне солҳои 2011 – 2021-ум 9 мактаб барои беш аз 7000 ҷойи нишаст, 7 бунгоҳи тиббӣ бо 175 кат, 38 километр хатти оби нӯшокӣ, 103 километр хатти интиқоли барқ, 109 километр роҳу роҳрав, боғи фарҳангу фароғат, варзишгоҳ бо 5000 ҷойи нишаст ва иншооти дигар ба маблағи умумии 718 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Имрӯз маркази ноҳияи Нуробод дар ҳақиқат ба як шаҳри замонавӣ монанд шудааст.

Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки бунёди роҳи «Роғун – Обигарм – Нуробод», ки солҳои наздиктарин ба анҷом расонида мешавад, пеш аз ҳама, мушкилоти сокинони ноҳияи Нурободро ҳаллу фасл месозад.

Вобаста ба татбиқи марҳалаи навбатии корҳои сохтмон, хусусан, то сатҳи 1185 метр аз сатҳи баҳр бардоштани сарбанд ва пур кардани обанбори неругоҳ нақшаи кӯчонидани аҳолӣ барои солҳои 2021 – 2025 амалӣ гардида истодааст.

Инчунин, соли 2021 лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод ба маблағи умумии 383 миллион доллар, яъне қариб 4 миллиард сомонӣ оғоз гардида, татбиқи он то баланд гардидани сатҳи оби обанбори неругоҳ дар се марҳала ба анҷом расонида мешавад.

Дар доираи марҳалаи якум то моҳи марти соли 2024 бунёди зиёда аз 30 километр роҳи асосии Обигарм – Тагикамар ба маблағи 151 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст.

Марҳалаи дуюми лоиҳа бо арзиши беш аз 151 миллион доллар қисми боқимондаи роҳи асосии Тагикамар – Нурободро ба масофаи 46 километр дар бар мегирад ва анҷоми он низ то моҳи марти соли 2024 пешбинӣ гардидааст.

Дар ин масир сохтмони нақби Тагикамар бо дарозии 2,6 километр, 6 пули нав, таъмир ва таҷдиди 1 пули мавҷуда, 1 пули муваққатӣ ва иншооти дигар амалӣ карда мешавад.

Дар марҳалаи сеюми лоиҳа то соли 2026 сохтмони пули бузург бо дарозии тақрибан 760 метр аз болои обанбори неругоҳи барқи обии «Роғун» бо маблағгузории 50 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст, ки тибқи стандартҳои байналмилалӣ бунёд мегардад.

Ҳозирини гиромӣ!

Буҳронҳои иқтисодиву сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, болоравии бесобиқаи нархҳои ҷаҳонӣ ба молу маҳсулоти гуногун, аз ҷумла маҳсулоти таъиноти истеҳсолӣ, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар қатори дигар давлатҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ таъсири манфӣ расонида истодаанд.

Новобаста аз ин, азми мо ҷиҳати ба итмом расонидани сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун» қатъӣ мебошад.

Бо дарназардошти аҳаммияти стратегӣ доштани иншооти мазкур ва бо вуҷуди мушкилоти зикршуда, Ҳукумати мамлакат дар ду соли охир барои идомаи сохтмон ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида, маблағгузориро ҷиҳати нигоҳ доштани суръати корҳо таъмин намуд.

Дар баробари ин, таъкид менамоям, ки суръат бахшидан ба корҳои сохтмону васлгарӣ дар ин иншооти азим, ки барои давлат ва халқи Тоҷикистон аҳаммияти сарнавиштсоз дорад ва бо сифати баланд иҷро гардидани онҳо аз шумо – сохтмончиёни бонангу номус вобастагии ниҳоят калон дорад.

Ҳукумати мамлакат, илова ба маблағгузории ҳамасолаи сохтмони неругоҳ аз буҷети давлатӣ, инчунин, бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ҷиҳати ҷалби маблағҳои иловагӣ кор бурда истодааст.

Аз ҷумла ҷиҳати татбиқи маблағгузорӣ аз ҷониби шарикони рушд ва дигар ташкилотҳои молиявӣ аз моҳи сентябри соли 2020 ҳамкорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст.

Вобаста ба ин, коршиносони бонки мазкур ба минтақаи сохтмони неругоҳ ташриф оварда, таҳқиқоти иловагии заруриро анҷом доданд.

Дар ин давра бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат ва дастгирии Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷиҳати баррасии вариантҳои маблағгузорӣ ду маротиба мизи мудаввар ва бо иштироки намояндагони Ҳукумат, шарикони рушд ва дигар созмонҳои байналмилалии молиявӣ якчанд вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Минбаъд ҷиҳати ҷалби маблағгузорӣ барои ба анҷом расонидани сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун» дар ҳамкорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ як қатор корҳо амалӣ мегарданд.

Итминон дорем, ки ҳамаи корҳо вобаста ба ҷалби маблағҳо барои ба итмом расонидани сохтмон дар ҳамкорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ то охири соли ҷорӣ анҷом меёбанд ва соли 2023 маблағгузорӣ аз ҷониби шарикони рушд ва дигар ташкилотҳои молиявӣ оғоз мегардад.

Ҳамватанони азиз!

Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, ки яке аз манбаъҳои асосии барқароршавандаи энергия ва истеҳсоли «энергияи сабз» ба шумор меравад.

Дар кишвари мо 98 фоизи нерӯи барқ бо истифода аз захираҳои об истеҳсол мегардад ва Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» шашум мамлакати пешсафи сайёра мебошад.

Инчунин, Тоҷикистон аз рӯйи кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ низ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои баландтаринро ишғол мекунад.

Аз ин лиҳоз, истеҳсоли ҳарчи бештар ва истифодаи васеи «энергияи сабз» аз ҷумлаи афзалиятҳои рақобатнокии иқтисоди кишвари мо ба ҳисоб меравад.

Мо ният дорем, ки ин имкониятҳои азимро дар шароити тағирёбии глобалии иқлим на танҳо ба нафъи худ, балки ба манфиати минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ истифода барем.

Ба ин хотир, ҷиҳати зиёд кардани истеҳсоли неруи барқ ва тавсеаи шабакаҳои интиқоли он то ба имрӯз корҳои назаррасро ба анҷом расонидем.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург ва 1 маркази барқу гармидиҳӣ, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ карда шуд.

Дар ин давра мо беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд кардем.

Дар солҳои истиқлолият барои рушди соҳаи энергетикаи кишвар 34 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 57,2 миллиард сомонӣ татбиқ карда шуд, ки 12 миллиард сомонии он танҳо барои таҷдиду рушди инфрасохтори энергетикӣ равона гардидааст.

Дар ин давра имконият фароҳам гардид, ки дар кишвар низоми ягонаи энергетикӣ таъсис дода шуда, устувории фаъолияти маҷмааи энергетикӣ, талаботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ пурра аз ҳисоби иқтидорҳои худӣ бо барқ таъмин карда шавад.

Соли 2021 бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар истеҳсоли нерӯи барқ ба 20,6 миллиард киловатт – соат расонида шуд, ки дастоварди назарраси соҳа мебошад.

Имрӯз дар соҳаи энергетика амалисозии боз 18 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 16,6 миллиард сомонӣ идома дорад.

Лоиҳаҳои мазкур барои тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ, муҷаҳҳаз гардонидани шабакаҳои интиқоли барқ бо техникаву таҷҳизоти муосир ва васеъ намудани имкониятҳои содиротӣ равона гардидаанд.

Илова бар ин, бо мақсади диверсификатсияи сарчашмаҳои истеҳсоли неруи барқ аз ҳисоби дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла неруи офтоб ва шамол асосноккунии 3 лоиҳа бо иқтидори умумии 260 мегаватт оғоз гардидааст.

Ҳамагӣ чанд рӯз пеш, мо якҷо бо ҳамсояи наздикамон – Ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон ба татбиқи муштараки лоиҳаи сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ дар Тоҷикистон бо иқтидори умумии 320 мегаватт оғоз бахшидем, ки намунаи равшани ҳамкориҳои ду мамлакати бо ҳам дӯст мебошад.

Вале корҳои то имрӯз амалигардида ва лоиҳаҳои татбиқшаванда оид ба бунёди иқтидорҳои тавлиди барқ, аз ҷумла бунёди неругоҳи «Роғун» дар самти истифодаи имкониятҳои бузурги гидроэнергетикии кишвар ҳанӯз ҳам нокифоя мебошанд.

Бо дарназардошти зарурати таъмин намудани талаботи мунтазам афзоянда ба неруи «барқи тоза» дар кишвар ва минтақа мо ният дорем, ки дар оянда боз даҳҳо неругоҳи барқи обии бузургу миёна, аз ҷумла неругоҳи «Шӯроб»-ро бо истифодаи ширкатҳо ва таҷрибаву малакаи коргарону мутахассисони дар сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» саҳмдошта бунёд намоем.

Яъне имрӯз ба шарофати бунёдкорони «Роғун» Тоҷикистони мо ба кишвари энергетикҳо табдил ёфтааст, ки бо донишу таҷриба ва маҳорату малакаи онҳо дар оянда ба хотири пешрафти кишвар ва зиндагии осудаи мардуми тоҷик даҳҳо иншооти энергетикии дигар сохта, ба истифода супорида мешаванд.

Сохтмончиёни муҳтарам!
Муҳтарам фаъолони шаҳри Роғун!

Барои татбиқи саривақтиву ҳамаҷонибаи вазифаҳои дарпешистода ва дар муҳлатҳои таъиншуда анҷом додани корҳои сохтмони иншооти неругоҳи барқи обии «Роғун» супориш дода мешавад, ки:

1. Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои дар муҳлатҳои муайянгардида ба истифода супоридани иқтидорҳои навбатии неругоҳ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, пешбурди корҳои сохтмонро таҳти назорати доимӣ ва қатъӣ қарор диҳад.

Махсусан, ҷиҳати тезонидани корҳои сохтмону васлгарӣ ва пеш аз муҳлат ба истифода додани агрегати чоруми неругоҳ чораҳои зарурӣ андешад.

2. Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сохтмон ва ба истифода супоридани иқтидорҳои неругоҳи барқи обии «Роғун» ҷараёни корҳои сохтмонро тибқи ҷадвали тасдиқгардида ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва муассисаҳои марбута, институтҳои таҳқиқотиву лоиҳакашӣ, ширкатҳои мушовир, фармоишгар ва пудратчиён иҷрои ҳатмии супоришҳои додашударо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.

3. Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро зарур аст, ки якҷо бо ширкати «Вибилд» корҳоро дар иншооти сарбанди неругоҳ суръат бахшида, устувории он, пешгирӣ кардани пуршавии обанбор аз обовардҳо, корҳои сементатсионӣ ва бетонрезии таҳкурсии сарбандро бо сифати баланд таъмин намояд ва дар муҳлатҳои таъиншуда баландии сарбандро ба сатҳи 1110 метр расонад.

4. Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҷиҳати дар муҳлатҳои муайянгардида то сатҳи 1100 метр аз сатҳи баҳр пур намудани оби обанбор, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ, инчунин, ба итмом расонидани корҳо дар маҷмааи обқабулкунакҳои асосӣ, нақби обпартои қабати 4 ва дигар иншооти ёрирасон тадбирҳои амалӣ андешад.

5. Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун», Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ҷиҳати таъминоти молиявии ҷадвали корҳои тасдиқшуда дар самти бакорандозии агрегати навбатӣ чораҳои амалӣ андешанд.

6. Вазорати молия бо истифода аз ҳамаи манбаъҳо ва имкониятҳо барои пардохти саривақтии маблағи корҳои анҷомёфта ва харидории масолеҳи сохтмон, таҷҳизот ва маводи сӯхт тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешад.

7. Кумитаи меъморӣ ва сохтмон назорати сифати корҳои сохтмонро дар бунёди неругоҳ тақвият бахшида, барои сари вақт аз ташхиси давлатӣ гузарондани лоиҳаҳои пешниҳодшаванда чораҷӯӣ намояд.

8. Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ ҷиҳати ҳамоҳангсозии корҳо бо Комиссия оид ба гузаронидани озмунҳои байналмилалӣ барои сохтмони иншооти неругоҳи «Роғун», вазорату идораҳои дахлдор, ширкатҳои машваратӣ, гурӯҳи коршиносон, Бонки Умумиҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушд тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.

9. Шӯрои нозирон ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун» якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади суръат бахшидани корҳои сохтмон барои дар соли 2023 зиёд намудани шумораи ширкатҳо ва кормандон дар асоси озмун ва бо риояи талаботи байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

10. Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи неругоҳи барқи обии «Роғун» якҷо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод кӯчонидани аҳолиро аз минтақаи зериобшаванда дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, минтақаи обанборро бо риояи талаботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва экологӣ сари вақт омода созанд.

11. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои қабулкунандаи муҳоҷирон ҷиҳати бо кор таъмин кардани онҳо, барои чунин оилаҳо ҷудо намудани қитьаҳои замин барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ мусоидат намоянд.

12. Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани лоиҳаи «Бунёди роҳи автомобилгарди Роғун – Обигарм – Нуробод»-ро бо дарназардошти баланд гардидани сатҳи оби обанбори неругоҳ таъмин созанд.

13. Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ барои пешгирӣ кардани ҳолатҳои садамавӣ дар иншоот ва таъмин намудани бехатарии кормандони сохтмони неругоҳ чорабиниҳои иловагиро роҳандозӣ намуда, назоратро дар ин самт тақвият бахшад.

14. Вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва аҳолии мамлакатро зарур аст, ки истифодаи сарфакорона ва самараноки неруи барқро, хусусан, дар мавсими тирамоҳу зимистон бо истифодаи таҷҳизоту технологияҳои каммасрафи барқӣ дар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва манзилҳои истиқоматӣ таъмин намоянд.

15. Вазорати фарҳанг, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон ва дигар иттифоқҳои эҷодӣ доир ба ташкили вохӯриҳо, чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, инъикоси фаъолияти коргарону мутахассисони неругоҳи «Роғун» ва эҷоди асарҳои адабӣ дар бораи қаҳрамонони заҳмати созандаву ватандӯстона, яъне бунёдкорони иншооти бузурги аср мунтазам чораҷӯӣ намоянд ва дар ин самт ташаббускору фаъол бошанд.

16. Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон доир ба таъмин намудани кормандони неругоҳи «Роғун» бо роҳхатҳо ба осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо тадбирҳои доимӣ андешад.

17. Роҳбарону масъулон ва фаъолони шаҳри «Роғун» вазифадоранд, ки доир ба вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон, махсусан, омодагии муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ, бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони муосир дар ҳар як оила барои ду сол захира намудани маводи ғизоӣ, инчунин, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтар барои сохтмончиёни неругоҳ чораҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо итминони комил изҳор менамоям, ки неругоҳи барқи обии «Роғун» дар самти расидан ба истиқлоли энергетикии кишварамон саҳми бузург мегузорад ва бунёдгарони ин кохи бошукӯҳи нур дар майдони заҳмати созанда, саҳнаи нангу номуси миллӣ шуҷоату матонат ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ нишон дода, рӯзи таърихии ба итмом расонидани сохтмони онро барои мардуми тоҷик наздик месозанд.

Барои расидан ба ҳадафҳои минбаъда ҳар яки мо бояд масъулияти бештар дошта бошем ва бо истифода аз тамоми имкониятҳо корро дар ин сохтмони муҳимми аср ҳарчи бештар суръат бахшем.

Бовар дорам, ки заҳмати ватандӯстона ва содиқонаи ҳар яки шумо дар таърихи навини Тоҷикистон сабт мегардад ва мардуми шарифи тоҷик натиҷаи фаъолияти содиқонаи шуморо ҳамеша қадрдонӣ мекунанд.

Бо истифода аз фурсат, мехоҳам аз номи худ ва Ҳукумати мамлакат ба ҳамаи бунёдгарони ин иншооти тақдирсоз, ки дар ин сохтмони бузурги аср софдилона заҳмат мекашанд, изҳори сипосу миннатдорӣ мекунам ва дар фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳо орзу менамоям.

Доим саломату сарбаланд ва хонаобод бошед!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520