Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Шӯрои директорони ширкати ТВЕА - и Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Син

18.02.2009 14:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои директорони ширкати ТВЕА - и Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Синро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкат дар самти сохтмони иншооти энергетикӣ баррасӣ шуд.

Чжан Син ба Сарвари давлат оид ба рафти сохтмони хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Ҷануб-Шимол ва нақшаҳои бунёди нерӯгоҳи обии Нуробод-1 ва як Маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе гузориш дод.

Ширкати ТВЕА бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ӯҳдадор шуд, ки сохтмони хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Ҷануб-Шимолро то охири соли равон ба поён расонад.

Ба гуфти Чжан Син, бунёди нерӯгоҳи обии Нуробод-1 дар болои дарёи Хингоб, ки иқтидори лоиҳавиаш 200 мегават аст, дар ҳоли омодасозии асоснокии техникию иқтисодӣ қарор дорад.

Маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе бошад, бояд бо иқтидори зиёда аз 200 мегават ва бо харҷи тақрибан 30 миллион доллари амрикоӣ дар давоми 18-20 моҳ сохта шавад.

Дар мулоқот оид ба имконоти ҳамкорӣ дар татбиқи дигар тарҳу барномаҳо низ гуфтугӯ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520