Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари гурӯҳи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфенниг

18.02.2009 15:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари гурӯҳи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфеннигро ба ҳузур пазируфт.

Аксел Шиммелпфенниг ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба кори гурӯҳи Хазинаи байналмилалии асъор, ки тайи ду ҳафта бо сохторҳои дахлдори Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои барномаи анҷомёфта ва таҳияи Барномаи нави ҳамкорӣ гузарондаанд, гузориш дод.

Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои молиявию бонкии кишвар ҳамаи шарту шароитро барои идома ва густариш додани ҳамкорӣ бо Хазинаи байналмилалии асъор ва дигар созмонҳои байналмилалию кишварҳои мададрасон иҷро намудааст.

Ба гуфти ӯ, марҳилаи аввали гуфтушунидҳо оид ба таҳияи Барномаи нави ҳамкорӣ ба поён расид. Мутобиқи ин барнома Хазинаи байналмилалии асъор ба Тоҷикистон барои коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ кӯмаки молиявӣ мерасонад.

Аксел Шиммелпфенниг ҳамчунин таъкид намуд, ки Хазинаи байналмилалии асъор дигар созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои мададрасонро низ ба расондани кӯмакҳои молиявӣ ба Тоҷикистон ташвиқ хоҳад кард.

Зимни сӯҳбат тарафҳо ҳавасмандии худро баҳри густариши ҳамкориҳои минбаъда таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520