Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Краснов

25.07.2022 18:55, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Краснов  25.07.2022

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Красновро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои вобаста ба таъмини амният ва ҳамкориҳои ҳуқуқӣ дар чорчӯби шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид.

Дар ин зимн мавзӯъҳои таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳифзи шаҳрвандони ду кишвар аз ҳама гуна зуҳуроти ҷиноятӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштанд.

Ба ин манзур муҳиммияти таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар самти муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, кибер-ҷиноятҳо ва дигар намудҳои ҷинояткории махсусан вазнин таъкид карда шуд.  

Ҳамзамон бо ин, ҷонибҳо масъалаҳои аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилиро, ки аз ҷумла бо тамоюлҳои таҳмили идеологияи  тундгароии динӣ ба ҷомеа, ҳамчунин  гурӯҳҳои «хуфта»-и терроризму экстремизми байналмилалӣ алоқамандӣ доранд, муҳокима намуданд.

Дар рафти суҳбат атрофи вазъи мураккаб дар Афғонистон, ҳамчунин масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ҳамкории мақомоти прокуратураи ду кишвар дар самти   расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноӣ ва истирдоди ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта мубодилаи афкор сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520