Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз боғи себ ва бодоми “Боғи миллии Ваҳдат” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

09.08.2022 12:17, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Боздид аз боғи себ ва бодоми “Боғи миллии Ваҳдат” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  09.08.2022

9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафар ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз боғи себ ва бодоми муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” дидан намуданд.

Боғи себ 5,21 гектарро ташкил дода, дар он асосан навъи самаренко, ки маъмултарин намуди себ ба ҳисоб меравад, парвариш меёбад. Дар ин масоҳат ниҳолҳои себ 1400 бех буда, бо андозаи 6 бар 6 шинонида шудаанд. Ин тарзи анъанавӣ бунёди боғ мебошад. Алҳол боғи себ ғарқи ҳосил аст ва меваи он дар моҳи сентябр пурра пухта мерасад.

Гуфтан ба маврид аст, ки боғи себ соли 2008 таъсис дода шуда, он аз соли 2013 самар медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо хоҷагидорону боғдорон таъкид намуданд, ки боғу боғдорӣ аз самтҳои муҳиму афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон баҳри рушди соҳа, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли меваҳои шаҳдбор, ки дар баробари таъмини бозорҳои ватанӣ аз иқтидорҳои содиротии кишвар ба ҳисоб меравад, тадбирҳо меандешад.

Боғи бодом дар ин мавзеъ дар 4 гектар соли 2008 бунёд карда шуда, дар масоҳати 6 бар 4 1200 бех ниҳоли бодом шинонида шудааст.

Давраи пухта расидани меваи донакдори бодом июлу август арзёбӣ мегардад. Парваришу ҳосилбандии меваи бодом собит менамояд, ки иқлиму обу хоки минтақа ба парваришу истеҳсоли бодом мувофиқ аст. Намудҳои “лангедок”, “десерти”, “пистабодом” аз навъҳои асосии боғи бодом мебошанд.

Дар маҷмӯъ, дар “Боғи миллии Ваҳдат” дар 33,21 гектар боғи себ бо фарогирии навъу намудҳои “Ҳусни Юсуф”, “Ренет”, “Розмарин” ва “Самаренко” ва дар 12,14 гектар боғи бодом мавҷуд аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520