Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Маркази инноватсионӣ ва истеҳсолии “Суғдиён” дар шаҳри Истаравшан

10.08.2022 09:40, шаҳри Истаравшан
Ифтитоҳи Маркази инноватсионӣ ва истеҳсолии “Суғдиён” дар шаҳри Истаравшан  10.08.2022

10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан Маркази инноватсионӣ ва истеҳсолии “Суғдиён”-ро ифтитоҳ карда, бо шароити он шинос шуданд.

Маркази инноватсионӣ ва истеҳсолии “Суғдиён” дар масоҳати 387 метри мураббаъ замин аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Зафар Умаров бо харҷи 2 миллион сомонӣ маблағ бунёд гардидааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки сохтмони иншоот соли 2015 оғоз гардида, аз 3 ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якум нуқтаи фуруши компютерҳои муосир, камераҳои мушоҳидавӣ ва маркази омӯзиши барномаҳои компютерӣ ҷой дода шудааст. Дар ин ҷо 6 нафар бо кор ва маоши миёнаи аз 1500 то 1800 сомонӣ таъмин гардиданд.

Дар ошёнаи дуюм аз тарафи соҳибкори ватанӣ Хайрулло Исломов сехи дӯзандагӣ барои истеҳсоли куртаҳои мардона ва бачагона ташкил гардидааст.

Дар коргоҳ 20 адад дастгоҳи дӯзандагӣ ба маблағи 160 ҳазор сомонӣ харидорӣ ва васл карда шудааст.

26 нафар занони маҳаллӣ бо ҷойи нави корӣ ва бо музди миёнаи меҳнат аз 1200 то 1800 сомонӣ таъмин гаштанд.

Аз тарафи соҳибкорон барои кормандони маркази инноватсионӣ дар ошёнаи сеюм ҳуҷраҳои корӣ, ошхона ва маркази истироҳатӣ ташкил гардидааст.

Баъди ифтитоҳи марказ ва шиносоӣ бо шароити кор дар он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкоорон дар самти ободии як гушаи диёр ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ баҳои баланд доданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520