Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуханронӣ дар Конференсияи байналмилалии илмию амалии "Мақомоти назорати конститутсионӣ дар шароити ҳамгироии системаҳои ҳуқуқӣ: таҷрибаи байналмилалӣ ва амалияи Тоҷикистон"

04.11.2010 14:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ ва меҳмонони олиқадр!

Ҳанўз шонздаҳ сол муқаддам - рўзи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳифаи наве оғоз ёфт, ки он дар ҳаёти минбаъдаи мардуми тоҷик ва рушди давлатдории навини миллии мо нақши сарнавиштсоз дорад.

Дар ин рўз халқи Тоҷикистон, бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали истиқлолият, бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ, дарки қарзи ватандорӣ ва такя ба арзишу муқаддасоти таърихиву фарҳангии худ аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро қабул карда, бо чунин иқдоми таърихӣ орзую ормонҳои чандинасраи ниёгони хешро амалӣ намуд. Боиси ифтихор аст, ки қонуни асосии мо дар миқёси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дуюмин Конститутсияи бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда мебошад ва аз ҳамон рўзи саид то имрўз мардуми мо ин санаи тақдирсозро ҳамасола чун яке аз ҷашнҳои муқаддаси давлативу сиёсӣ бо шукўҳу тантана таҷлил менамоянд.

Ҳоло, ки мо дар остонаи солгарди навбатии қабули тақдирномаи халқамон, яъне Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қарор дорем, ҳамаи ҳамватанони азизамонро ба ин муносибат самимона табрик мегўям. Инчунин шумо - меҳмонони арҷманди Конфронси байналмилалии бахшида ба 15-умин соли ташкили Суди конститутсионии Тоҷикистонро, ки он ҳам самараи қонуни асосии давлати соҳибистиқлоли мо мебошад, хайрамақдам гуфта, ба ҳар кадоматон саломативу хушрўзӣ ва барори кор орзу менамоям.

Тавре дар муқаддимаи Конститутсияи Тоҷикистон зикр шудааст, халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон, бо эҳсоси масъулияти амиқ дар назди наслҳои гузашта, ҳозираву оянда ва муқаддас шуморидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи таърихии худ эълон намуд.

Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо оини давлату давлатдории тоҷиконро, ки дар тўли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон идома ва сайқал ёфтааст, ҳамчунин кўшишу талошҳои фарзандони хирадманду фарзонаи ин халқро дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ ҷомаи амал пўшонид. ғояҳои башардўстонаи он инъикоскунандаи суннатҳои пурғановати халқи тоҷик буда, аз барҷастатарин намунаҳои фарҳангии ниёгони ориёии мо, анъанаҳои давлатдории Сосониёну Сомониён ва мероси бузургони таъриху адабиёти аз ҷониби умум эътирофгардидаи мо сарчашма мегиранд. Дар баробари ин, Конститутсияи мо аз таҷрибаи пешқадами конститутсионализми давлатҳои мутараққии дунё низ баҳраи фаровон гирифтааст. Беҳуда нест, ки он аз ҷониби созмонҳои бонуфуз ва коршиносони маъруфи ҷаҳон аз ҷумлаи конститутсияҳои беҳтарин ва демократӣ эътироф шудааст.

Бо қабули Конститутсия майлу иродаи халқи Тоҷикистон оид ба эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, ки дар бобати интихоби сарнавишти минбаъдаи кишвар имтиҳони ҷиддие буд, муайян гардид. Ин иқдоми таърихӣ ҳама гуна андешаҳои бадхоҳони миллати тоҷикро, ки ба қудрати мардуми мо барои зимоми давлатдориро ба дасти худ гирифтан шубҳа мекарданд, ботил гардонид.

Дар айни ҳол Конститутсия давлати навини тоҷиконро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ба аҳли ҷаҳон муаррифӣ намуда, азми қатъии моро дар пешбурди сиёсати сулҳҷўёна, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳон ва роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои байнидавлатиро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муқаррар намуд.

қонуни асосии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқиро барои фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ фароҳам оварда, оғози марҳалаи сифатан нави инкишофи давлат ва рушди ҷомеа гардид ва халқи тоҷикро ба шоҳроҳи бузурги ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва фаъолияти созандаву бунёдкорона раҳнамун сохт.

Конститутсия ба сифати қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии он, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт ва муҳимтар аз ҳама, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ўро арзиши олӣ эътироф намуда, барои инкишофи минбаъдаи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ роҳи васеъ кушод.

Конститутсия дар баробари эътирофи як қатор арзишҳои давлатдории ҷаҳони муосир, аз қабили сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ, инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсиву мафкуравӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, афзалияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ барои таъсис ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ заминаҳои зарурии ташкиливу ҳуқуқиро фароҳам овард.

Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд. Яъне дар мазмуну мўҳтавои ин санади тақдирсоз роҳи ояндаи давлатдории мустақили мо муайян гардида, асосҳои конститутсионии ташаккул ва инкишофи минбаъдаи он гузошта шуданд.

Дар давоми шонздаҳ сол мардуми Тоҷикистон дар зиндагиву фаъолияти ҳаррўзаи худ итминон ҳосил карданд, ки Конститусияи мо ифодагари манфиатҳои олии миллату Ватан, муайянкунандаи низоми устувори давлатдорӣ ва сохтори идораи ҷомеа, кафолатдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъминкунандаи истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ, тамомияти арзӣ, волоияти қонун ва фаъолияти муназзами мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди мамлакат ин санади тақдирсозро азизу муқаддас меҳисобад, зеро он ҳуқуқу озодиҳои ҳар кадоми онҳоро ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, ҳифзи қонунии як силсила ҳуқуқҳои фитрии инсон, аз ҷумла дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус, инчунин озодии виҷдону эътиқод ва дигар ҳуқуқу озодиҳои ўро кафолат медиҳад.

Итминони комил дорам, ки Конститутсия ҳамчун ҳуҷчати барномавии ҳаёти давлат ва ҷомеа дурнамои пешрафти кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистонро барои солҳои тўлонӣ пешбинӣ намуда, барои халқи мо бардавому поянда хизмат мекунад ва дар навбати худ мардуми шарифи Тоҷикистон минбаъд низ ба хотири амалӣ гаштани ин орзую ормонҳои нек, пеш аз ҳама тавассути эҳтиром ва риояи дақиқи меъёрҳои он қарзи шаҳрвандии худро сарбаландона адо хоҳанд кард.

Зеро эҳтиром, риоя ва ҳифзи Конститутсия - кафолати таъмини қонуният, амният ва сулҳу суботи давлат ва ҷомеа мебошад. Бинобар ин, риояи Конститутсия ва таъмини волоияти қонун вазифаи ҳамаи мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди бонангу номус мебошад.

Дўстони азиз!

Дар татбиқи меъёрҳои Конститутсия, пеш аз ҳама дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ки ин арзишҳо меҳвари низоми демократӣ мебошанд, ҳокимияти судӣ, аз ҷумла Суди конститутсионӣ нақши бағоят муҳим дорад.

Суди конститутсионии ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрўз ба таъсисёбии он понздаҳ сол пур мешавад, аз ҷумлаи дастовардҳои даврони истиқлолият ва чунон ки гуфта шуд, самараи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб рафта, ҳамчун мақоми мустақили ҳокимияти судӣ оид ба ҳифзи Конститутсия фаъолият мекунад. Имрўз барои пешбурди фаъолияти он ҳамаи заминаҳои ташкиливу ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд ва ҳуқуқшиносони соҳибтаҷрибаву баландихтисоси кишвар ба ин мақом ҷалб карда шудаанд.

Дар ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади демократикунонии минбаъдаи ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа, таъмини қонуният ва адолати иҷтимоӣ ба масъалаи таҳким бахшидан ва баланд бардоштани нақши ҳокимияти судӣ, аз ҷумла Суди конститутсионӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ аҳамияти пайваста ва хоса дода мешавад.

Ислоҳоти конститутсионие, ки солҳои 1999 ва 2003 баргузор гардиданд, дар радифи таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, инчунин ба такмили мақомоти олии қонунгузор, иҷроия ва дигар ниҳодҳои демократӣ, ҳамчунин ба баланд бардоштани сатҳ ва нақши ҳокимияти судӣ мусоидат карданд.

Дар доираи Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2010 ба қонуни конститутсионии ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд, ки тибқи онҳо салоҳияти Суди конститутсионии ҷумҳурии Тоҷикистон такмил ёфта, доираи субъектҳои муроҷиат ба Суди конститутсионӣ васеъ гардид. ҳоло Суди конститутсионӣ дар баробари муайян намудани мувофиқати қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия, ҳамчунин масъалаи ба Конститутсия мутобиқ будани лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба он воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳодшавандаро муайян менамояд.

Ба Суди конститутсионӣ вогузор намудани чунин салоҳият боз як далели равшани эътибори олии ҳуқуқӣ доштани Конститутсияи Тоҷикистон ва мустақиман амал намудани меъёрҳои он, ҳамчунин тақвияти нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ мебошад.

ҳамин тариқ, Суди конститутсионӣ зимни ҳаллу фасли масъалаҳои ҳуқуқӣ бо роҳи муайян намудани мутобиқати қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба қонуни асосӣ дар таҳкими қонунияти конститутсионӣ, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд саҳми арзанда мегузорад. Гузашта аз ин, Суди конститутсионӣ барои таъмини волоияти меъёрҳои Конститутсия ва амали бевоситаи онҳо дар қаламрави кишвар масъул буда, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро ҳимоя менамояд ва тавассути мурофиаи судӣ адолати конститутсиониро ба амал мебарорад.

Иҷрои қарорҳои Суди конститутсионӣ барои тамоми мақомоти давлативу ҷамъиятӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва мансабдорони онҳо ҳатмӣ мебошад, чунки онҳо барои бартараф намудани номутобиқатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия равона гардида, дар айни замон ба татбиқи дурусти қонун ва асноди меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат менамоянд.

Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон барои боз ҳам такмил додани салоҳияти Суди конститутсионӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти он чораҳои заруриро хоҳад андешид.

Зеро мо хуб медонем, ки Суди конститутсионӣ дар низоми мақомоти давлатӣ нақши муҳим дошта, конститутсионӣ будани санадҳои ҳуқуқии аз ҷониби ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ қабулшударо муайян месозад, яъне он яке аз рукнҳои муҳими давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди мо мебошад. Шубҳае нест, ки Суди конститутсионӣ минбаъд низ ба хотири таъмини волоияти Конститутсия ва амали бевоситаи меъёрҳои он, ки шарти устувории қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва суботу амнияти давлату ҷомеа мебошад, саҳми фаъол хоҳад гузошт.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар шароити ҳамгироии сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ки имрўз амалан тамоми соҳаҳои ҳаёти давлатҳои хурду бузурги дунёро фаро гирифтааст, ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар канор буда наметавонад.

Тоҷикистон бо дарки амиқи моҳияти равандҳо ва таҳаввулоти чаҳонӣ аз дастовардҳои илму техника ва технологияҳои пешрафта, инчунин аз арзишҳои созандаи тамаддуни муосир баҳравар гардида, дар айни замон ба хотири ҳифзи асолати миллӣ ва дастоварду арзишҳои фарҳангии худ аз таъсири манфии равандҳои ҷаҳонишавӣ пайгирона талош меварзад.

Дар баробари ин, Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими низоми ҳуқуқии худ, ки дар он санадҳои ҳуқуқии аз ҷониби умум эътирофгардида нақши назаррас доранд, кўшиши зиёд ба харҷ дода, ҳамгироӣ ва наздик шудан ба низоми ҳуқуқи муосирро василаи муҳимтарини ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳалли масъалаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, муҳоҷирати меҳнатӣ, мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои муосир - терроризму экстремизм, ҷинояткории трансмиллӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурўши одамон ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳими байналмилалӣ арзёбӣ менамояд.

Тоҷикистон ҳамчунин мўътақид аст, ки сиёсати хайрхоҳонаву сулҳҷўёнаи давлатҳо, эҳтирому эътирофи истиқлолият ва манфиатҳои ҳамдигар, пайгирона инкишоф додани равобити мутақобилан судманд ва муборизаи муштарак бар зидди хатару таҳдидҳои нав метавонад ояндаи босаодати инсониятро таъмин намояд.

Мардуми Тоҷикистон, ки ҳанўз дар оғози давраи ба истиқлолият расидани давлати худ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми даҳшату фоҷиаҳои онро аз сар гузаронидаанд, ба қадри истиқлолу озодӣ, давлати мустақилу соҳибихтиёр, ваҳдати милливу ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу субот ва оромиву осудагии ҷомеа мерасанд.

Хусусан имрўзҳо, ки мо тамоми нерўи созандаи худро барои истиқболи арзандаи бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллии худ – бистсолагии истиқлолияти давлатиамон сафарбар кардаем, суботи сиёсӣ, ҳамдигарфаҳмиву ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ бароямон аз ҳар вақти дигар арзишу аҳамияти бештар дорад.

Бинобар ин, чорабинии имрўза, ки бо иштироки роҳбарон ва судяҳои мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои Аврупо ва Осиё дар чунин сатҳи баланд оғоз мегардад, барои боз ҳам тавсеа ёфтани ҳамкориҳои мақомоти судии кишварҳо ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳониву минтақавӣ ва фаъол гардидани нақши онҳо дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонунияту адолат ва сулҳу субот дар ҷомеа саҳми арзишманде хоҳад гузошт.

Бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни мубораки Конститутсияи кишвари соҳибистиқлоламон табрик гуфта, ба тамоми ҳамватанони азизамон ва ба ҳар кадоми шумо хонаи ободу рўзгори пурсаодат орзу менамоям.

Ҳамаи шумо - меҳмонони гиромиқадрро ба сарзамини бостонии тоҷикон бори дигар хайрамақдам гуфта, орзуманди саломативу сарбаландии шумо ва тантанаи сулҳу дўстиву ҳамкорӣ дар тамоми ҷаҳон мебошам.

Ташаккур!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2016
Тел/Факс.: (+992 37)2212520