Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои Кумитаи иҷроияи ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом

11.08.2022 11:43, шаҳри Конибодом
Ифтитоҳи бинои Кумитаи иҷроияи ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом   11.08.2022

11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ дар вилояти Суғд бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодомро ба истифода доданд.

Бинои ҳизб дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии  Кумитаи иҷроияи марказӣ ва вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом тариқи ҳашар бо сифати баланд бунёд гардидааст.

Мувофиқи лоиҳа бино аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, барои кормандон шароити беҳтари корӣ муҳайё карда шуд.

Бинои навбунёд дорои ҳуҷраҳои корӣ буда, бо компютер ва мизу курсии замонавӣ таъмин карда шудааст. Бояд зикр намуд, ки то имрӯз барои кормандони ҳизб дар шаҳри Конибодом чунин шароити созгор мавҷуд набуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳуҷраҳои корӣ дидан намуда, барои бунёди чунин як бинои наву замонавӣ аҳсану офарин хонданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, онҳоро барои фаъолияти софдилонаву содиқона ба нафъи давлату миллат ва амалӣ намудани ҳадафҳои олии ҳизб ҳидоят намуданд. 

Дар таҳхона барои ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани ҷавонон, бахусус духтарони хонашин курси омӯзиши компютерӣ, маҳфилҳои рассомӣ, сабадбофӣ, адрасу атласбофӣ ва тоқидӯзию сӯзанидӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Ин иқдом имконият медиҳад, ки ҷавонон ба курси омӯзиши компютерӣ ҷалб карда шуда, технологияи иттилоотии коммуникатсиониро пурра аз худ намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520