Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод

29.01.2009 18:45

Байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод сӯҳбати телефонӣ баргузор гардид.

Сарварони ду кишвари дӯст масоили вазъи ҳозира ва дурнамои рушди равобити дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Таъкид гардид, ки ҳарду ҷониб барои таъмини тавсеа ва густариши бемайлони ин равобит чораҳои мушаххас хоҳанд андешид.

Рафти сохтмони пружаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетикӣ ва нақлиётӣ баррасӣ шуд ва ҷонибҳо иродаи худро ҷиҳати қабл аз мӯҳлати пешбинишуда ба итмом расонидани онҳо изҳор намуданд.

Зимни гуфтугӯ мавзӯъҳои ҳамкориҳои низомиву амниятӣ дар маркази таваҷҷӯҳи тарафайн қарор доштанд. Сарварони ду кишвар таъмини тамосҳои доимии роҳбарони ниҳодҳои қудратиро амри зарурӣ ҳисобида, мавриди ниёз будани инкишоф ва рушди чунин ҳамкориҳоро бори дигар таъкид намуданд.

Масоили минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн низ аз мавзӯҳои муколамаи телефонӣ буд. Президенти Тоҷикистон баргузории ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодиро (ЭКО) таъйид намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои ширкат дар ин ҷаласа иброз дошт.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо дарназардошти вазъи душвори зимистони имсола дар Тоҷикистон омодагии ҷониби Эронро ҷиҳати ба кишвари мо расонидани кӯмаки бародарона иборат аз сӯзишвориву дигар маводи мавриди ниёз изҳор намуд ва ин ибораҳои ӯ аз ҷониби Сарвари Тоҷикистон бо сипосу қадрдонӣ истиқбол гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520