Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба мусоидат ба Афғонистон Кай Эйде

24.01.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба мусоидат ба Афғонистон Кай Эйдеро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону давлатҳои манфиатдор дар мавриди мусоидат ба барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон баррасӣ шуд.

«Мушкилоти Афғонистонро танҳо бо назардошти омилҳои умумиминтақавӣ метавон бартараф намуд, аз ин хотир кӯмак ба Афғонистон бояд ҳамчунин аз тариқи мусоидат ба ҳамаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон расонда шавад», - таъкид намуд зимни сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Истифода аз имконоти васеи иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла нақлиётӣ ва техникии Тоҷикистон, ки бо Афғонистон наздики 1400 километр сарҳади умумӣ дорад, дар барқарорсозии иқтисодиёти ин кишвари ҷангзада муҳим арзёбӣ гардид. Таҷрибаи сулҳсозии Тоҷикистон низ барои Афғонистон судманд маънидод гардид.

«Дар сурати дастгирӣ ёфтан ва татбиқи босамари лоиҳаҳои энергетикӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва саноатии худ Тоҷикистон дар ояндаи наздик метавонад Афғонистонро бо нерӯи барқ ва қисман бо маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маводи сохтмонӣ таъмин намояд», - бо эътимод таъкид намуд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.

Кай Эйде изҳор дошт, ки лоиҳаҳои инфрасохтории Тоҷикистон, ки дорои аҳамияти минтақавӣ мебошанд, мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид қарор доранд ва беҳтарини онҳо албатта татбиқ хоҳанд шуд.

Сарвари давлат ҳамчунин зикр намуд, ки айни замон Тоҷикистон метавонад ба Афғонистон дар омодасозии кадрҳои соҳаҳои гуногун, аз ҷумла барои сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқаш кӯмак расонад.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои ҳарбӣ сиёсии – Афғонистон, роҳҳои пурзӯр намудани мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520