Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарфармондеҳи Нерӯҳои марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Девид Петриус

17.01.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарфармондеҳи Нерӯҳои марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Девид Петриусро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар чаҳорчӯби муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар робита ба фаъолияти нерӯҳои посдори сулҳ дар Афғонистон баррасӣ шуд.

«Тоҷикистон қарори роҳбарияти Амрикоро оид ба зиёд намудани шумораи низомиёни худ дар Афғонистон пурра дастгирӣ мекунад», - изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид намуд, ки мубориза бо маводи мухаддир низ бояд ба салоҳияти нерӯҳои эътилофӣ ҳамроҳ карда шавад.

Девид Петриус ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баҳри мусоидати фаъоли Тоҷикистон ба нерӯҳои посдори сулҳ дар Афғонистон арзи сипос намуд.

Барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон ва мусоидат ба ҳифзи иҷтимоии аҳолии он, аз ҷумла муҳайё намудани ҷойҳои корӣ аз роҳҳои асосии таъмини ҳаёти осоишта дар ин кишвар маънидод гашт.

Мусоҳибон аз сатҳ ва мазмуни ҳамкориҳои миёни сохторҳои дифоӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Амрико ва рушди ҳамкориҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520