Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири давлатии Давлати Қатар оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Холид ибн Муҳаммад ал-Атия

17.01.2009 17:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатии Давлати Қатар оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Холид ибн Муҳаммад ал-Атияро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ масоили татбиқи амалии санадҳои қарордодию ҳуқуқии миёни ду кишвар баимзорасида ва дар заминаи онҳо таҳкиму густариш додани муносибатҳои ба ҳарду ҷониб судманд баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки бо 8 санади муҳим баҳри густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ, сармоягузорӣ, асалпарварӣ, чорводорӣ ва ғайра заминаи мусоиди ҳуқуқӣ эҷод гаштааст.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки ба татбиқи амалии онҳо бояд такони ҷиддӣ дода шавад.

Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки дар ояндаи наздик ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ баргузор карда шавад.

Ҳамчунин кушодани сафорати Тоҷикистон дар Қатар ва баръакс аз Қатар дар Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва истихроҷи маъданҳо низ аз самтҳои судманди робитаҳои дуҷониба маънидод гардид.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва муносибатҳо дар чаҳорчӯби Созмони Конфронси Исломӣ низ гуфтугӯи судбахш сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520