Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сафири фавқулодда ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон Оливе Метленд Пелен

07.01.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон Оливе Метленд Пеленро бинобар анҷом ёфтани муҳлати ваколати дипломатиаш ба ҳузур пазируфт.

Зимни сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти дипломатии ӯ дар Тоҷикистон баҳои баланд дод.

Ба гуфти Оливе Метленд Пелен, дар Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо дарки нақши Тоҷикистон ва мавқеи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон тайи чанд соли охир хеле беҳтар гаштааст.

Ӯ изҳор намуд, ки Фаронса пайваста Тоҷикистонро мавриди дастгирӣ ва мусоидати худ қарор медиҳад, зеро ин кишвар дар Осиёи Марказӣ мавқеи муҳимми стратегӣ дорад ва нақшаҳои судманди сиёсию иқтисодиаш дорои аҳамияти калон барои кулли минтақа аст.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба роҳҳои густариши минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Фаронса ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520