Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гуфтугӯи телефонӣ бо Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев

31.12.2008 19:00

Нимаи дӯюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Сарони давлатҳо якдигарро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, ба сатҳи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи миёни ду кишвар баҳои баланд доданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо талошҳои созандаи роҳбарони ҳарду давлат барои пешрафту тараққиёти иқтисодии кишварҳо ва таҳкими муносибатҳои дӯстиву ҳамкорӣ миёни онҳо ҳамаи имкониятҳои муфид самаранок истифода хоҳанд шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев ба рушди ҳамкориҳои минбаъда изҳори ҳавасмандӣ карда, ба мувофиқа расиданд, ки охирҳои моҳи январ ё аввали феврали соли 2009 як мулоқот анҷом диҳанд ва ба густариши минбаъдаи муносибатҳои ду давлат такони тоза бахшанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520