Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

05.10.2022 09:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ баргузор намуданд.

Дар оғози суҳбат Президенти Қазоқистон Сарвари давлати моро бо ҷашни зодрӯзашон самимона табрик карда, ба Пешвои миллат сиҳатмандии комил, некрӯзӣ ва дар фаъолияташон комёбиҳои бузург, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу амонӣ ва шукуфоӣ орзу намуданд. 

 Сарони давлатҳо раванди рушди афзояндаи ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистонро зикр карда, атрофи ҳолати имрӯзаву дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон мубодилаи афкор анҷом доданд.

Ба рӯзномаи мулоқотҳои қарибулвуқӯи сатҳи олӣ дар Астана  таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Дар суҳбати телефонӣ Президентҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамчунин нисбат ба масоили алоҳидаи рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми тарафайн ибрози назар намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520