Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбаев

05.10.2022 10:20, шаҳри Душанбе

Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбат Нурсултон Назарбоев бо таманниёти сиҳатмандии комил, некрӯзӣ ва комёбиҳои навин Сарвари давлати моро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрику таҳният гуфтанд.

Дар ин зимн Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон саҳми босазои Пешвои миллатро дар барқарорӣ ва таҳкими давлатдории Тоҷикистон, таъмини рушди пойдор ва боло бардоштани обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуданд.

Дар баробари таъкиди анъанаҳои пурифтихори муносибатҳои нек ва дӯстии  мардумони ду кишвар, ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ ҷараёни рушди босуръати ҳамкориҳои гуногунҷанба ва шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро зикр карданд.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520