Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат

18.03.2005 14:00, шаҳри Душанбе

Дӯстони азиз!

Дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги ниёгонамон - Наврӯзи Аҷам ҳар сол доир гардидани мулоқоти мо ба ҳукми анъана даромадааст. Ҳоло аз фурсат истифода бурда, ҳамаи шумо - ҳозирини мӯҳтарам ва тамоми зиёиёни тоҷикро бо ин ид табрик намуда, бароятон тани сиҳату хотири осуда, хонаи обод ва илҳоми тозаи эҷодӣ орзу менамоям.

Шумо хуб медонед, ки Наврӯз дар таърихи халқи кӯҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ва умуман халқҳои ориёинажод мақому манзалати хоса дошта, дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллатамон рушду такомул ёфтааст.

Бузургони мо, хусусан олимону шоирон дар рисолаву таълифоти илмӣ ва ашъору осорашон асрори ҳикматҳои Наврӯзро таъбир ва васф кардаанд.
Ин анъана аз замонҳои қадим ибтидо гирифта, дар аҳди саромадони илму фарҳанг ва адабиёти оламгирамон - Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Хайём, Саъдиву Ҳофиз ва минбаъд низ идома ёфтааст.

Анъана ва суннатҳои неки Наврӯз ҳамчун беҳтарин намунаи тамаддуни мардуми ориёинажод аз ҷониби халқҳои гуногуни Шарқ пазируфта шуда, маънавиёту фарҳанги миллии онҳоро низ афзун сохтааст.

Бояд гуфт, ки миллати мо Наврӯзро дар давоми асрҳо чун муждаи эҳёи табиат, бедории замин ва оғози киштукор истиқбол мекард ва азизу гиромӣ медошт.

Ин суннати ниёгон дар тӯли таърих побарҷо монда, то имрӯз меҳвари асосии ин ҷашнро ташкил медиҳад. Умед дорем, ки Наврӯзи имсола низ ба мардуми ободгар ва меҳнатқарини мо файзу баракат ва фаровонӣ меорад.

Дӯстони арҷманд!

Дар вохӯрии соли гузашта мо бо шумо дар атрофи бисёр масъалаҳои муҳим гуфтугӯ доштем ва нақшаю пешомадҳои фаъолиятамонро дар давоми сол тарҳрезӣ карда будем. Баъди он мулоқот Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори махсус Нақшаи чорабиниҳоро тасдиқ кард ва дар давоми сол онро амалӣ сохт.
Ин Нақшаи чорабиниҳо аз 45 банд иборат буд ва ба се гурӯҳ тақсим карда шуда, таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, пешниҳоди дархосту таклифҳо ба Ҳукумати Тоҷикистон ва масъалаҳои ташкилию оммавиро дар бар мегирифт.

Дар давоми соли сипаришуда 38 банди нақшаи чорабиниҳо пурра амалӣ гардид. Аз ҷумла, андозаи стипендияи аспирантҳо се маротиба ва маоши кормандони Академияи илмҳо то имрӯз 155 фоиз баланд бардошта шуд.

Бо мақсади чопи асарҳои адибону олимон аз Фонди захиравии Президент 228 ҳазор сомонӣ, аз Буҷети давлатӣ 600 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, зиёда аз 70 номгӯй китоб ба табъ расид.

Умуман аз Фонди захиравии Президенти мамлакат соли гузашта барои инкишофи илму фарҳанг ва соҳаҳои маорифу тандурустӣ 12 миллион сомонӣ ҷудо гардида буд.

Аз қисми хароҷотҳои дигари Буҷети давлатӣ бошад бо ин мақсад ба таври илова боз 20 миллион сомонӣ масраф гардидааст.
Ҳамчунин маҳдудияти пардохти нафақаҳо бекор карда шуда, омӯзгорон аз супоридани андоз аз қитъаҳои наздиҳавлигӣ озод гардиданд.
Мо тасмим гирифта будем, ки маҷмӯи биноҳои Институти гастроэнтерологияи Академияи илмҳо дар давоми як сол таъмир ва сохтмони иншооти нави он ба анҷом расонида шавад. Дар айни замон бо сарфи 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру сохтмон дар ин иншоот ба охир расонида шуданд.

Ҷиҳати бо хобгоҳ таъмин намудани аспирантҳо бинои хобгоҳи воқеъ дар кӯчаи Маяковскийи шаҳри Душанбе аз баланси Вазорати тандурустӣ ба ихтиёри Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон гузаронида шуд ва дар айни замон корҳои таъмири он ба анҷом расид. Бо ин мақсад дар маҷмӯъ 4 миллиону 300 ҳазор сомонӣ сарф гардид.

Дар баробари ин, соли гузашта Ҳукумат ҷиҳати баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои илму фарҳанг ва маорифу тандурустӣ ба таври илова 68 миллион сомонӣ ҷудо намуд.

Барои фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои аҳли эҷод ва густариши илму фарҳанг ва адабиёт Ҳукумати ҷумҳурӣ мунтазам тадбирҳо меандешад. Аз ҷумла, барои чопи асарҳои илмиву адабӣ имсол аз Буҷети давлатӣ як миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Чунон ки мебинем, дар давоми як соли пас аз вохӯрии мову шумо аз ҷониби давлат хеле корҳо иҷро карда шуданд. Вале ин чунин маънӣ надорад, ки ҳамаи мушкилоти соҳаи илму фарҳанг ва иҷтимоиёт ҳаллу фасл гардида бошанд.

Мо дарк мекунем, ки соҳаҳои илму маориф ва тандурустиву фарҳанг мушкилоти зиёд доранд ва кӯшиш хоҳем кард, ки онҳоро бо навбат, зина ба зина ҳаллу фасл намоем.

Бо истифода аз фурсати муносиб аз шумо - намояндагони илму фарҳанг ва зиёиёни эҷодкор, хоҳиш мекунам, ки дар ҳамоҳангӣ бо иқдомоту кӯшишҳои Ҳукумат бештар ташаббускор бошед. Мову шумо дар якҷоягӣ ва ҳамкории зич бояд он рӯҳияи дастнигариро, ки баъзе роҳбарони муассисаҳои фарҳанг, илму маориф ва созмонҳои эҷодӣ ба он гирифторанд, барҳам диҳем ва роҳи ибтикору ташаббусро пеш гирем.

Мардум дар ҳамаи давру замонҳо ба аҳли зиё ҳамчун табақаи воқеан равшанфикр ихлос карда, ба сухани онҳо гӯш мекунад.

Аз ин имконият, яъне эҳтиром ва боварии мардум зиёиён бояд самаранок истифода баранд ва минбаъд низ дар масъалаи ба аҳолӣ фаҳмонидани моҳият ва самтҳои сиёсати давлат фаъолона саҳмгузор бошанд.

Зиёиён вазифадоранд, ки пеш аз ҳама дар бобати баланд бардоштани сатҳи маърифат ва донишу ҷаҳонбинии аҳолӣ, аз ҷумла маърифати сиёсиву ҳуқуқии табақаҳои гуногун, тарғиби тарзи солим ва оқилонаи ҳаёт, тарбияи насли босавод ва ба талаботи замона ҷавобгӯй, ташкили рӯзгори сарфакорона ва оилаҳои пешрафта кӯшиш намоянд.

Ин кори хайрро одамони донишманду соҳибмаърифат дар тамоми давраи таърихи дурударози миллатамон ҳамчун қарзи имониву виҷдонии худ анҷом додаанд.

Аҳли зиё ҳамчунин метавонанд дар ислоҳи нуқсу камбудиҳои ҷомеа, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, коррупсия, одамфурӯшӣ, нашъамандӣ ва зарари он барои ҳаёти инсон ва генофонди миллат, танзими оила ва расму оинҳо кори зиёдро анҷом диҳанд.

Иҷрои ин корҳоро танҳо ба дӯши Ҳукумат ва сохторҳои он гузоштан аз рӯи адолат нест. Такроран таъкид месозам, ки рафъи камбудиҳои мавҷуда вазифаи тамоми ҷомеа ва пеш аз ҳама табақаи босаводу донишманд, яъне зиёиён аст.

Тавре ки хабар доред, имсол ҷашни 1025-солагии мутафаккир ва донишманди оламшумули тоҷик Ибни Сино мебошад. Барои таблиғ ва чопи осори Ибни Сино зиёиёни мо бояд саҳми муносиб гузоранд, зеро номи ин мутафаккири бузург бо ифтихори миллию асолати фарҳангии мо сахт вобаста аст.
Ҳамзамон бояд гуфт, ки асарҳои ҳанӯз ба табъ нарасидаи ин нобиғаи беамсоли ҷаҳониро ба табъ расонидан зарур аст, то ки на танҳо мардуми мо, балки аҳли олам аз осори комили ӯ огоҳ бошанд ва истифода намоянд.

Соли оянда гузаронидани чорабиниҳои муҳими фарҳангиву сиёсӣ, аз ҷумла 15-солагии истиқлолияти давлати Тоҷикистон, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва соли тамаддуни ориёӣ ба нақша гирифта шудааст.

Мо маъракаҳои зикршударо бояд тавре доир кунем, ки онҳо ба афзоиши обрӯву нуфузи миллати кӯҳанбунёди мо ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, инчунин ба баланд гардидани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандориву ватандӯстӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносии миллӣ, ваҳдати миллӣ ва ривоҷи минбаъдаи омӯзиши таърихи миллат мусоидат намоянд.

Дар ин кори хайр ва пурмасъулият зиёиён бояд пешсафи ҷомеа бошанд, зеро тарбияи ватандӯстонаи мардум, аз ҷумла ҷавонон ва насли наврас қисми муҳимтарини рисолати таърихии онҳо мебошад.

Ҳозирини гиромӣ!

Чанде пештар мардуми мо бо ҳисси баланди масъулият дар интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ фаъолона ширкат варзида, ба ҷонибдории фарзандони арзандаи халқ овоз доданд.

Халқи мо хеле хуб дарк намудааст, ки истиқлолияти комил ва воқеиро танҳо бо меҳнати ҳалолу созанда, тафаккури баланди сиёсию фарҳангӣ ва ҳисси масъулият дар назди наслҳои имрӯзаю ояндаи Ватан ба даст овардан мумкин аст.

Аз ин рӯ, рӯҳияи мардум вобаста ба хавфу таҳдидҳои дорои хусусияти дохилӣ бояд дар асоси принсипҳои устувор, ки истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, амният ва эътимод ба ояндаи некро дар бар мегирад, дастгирӣ ва таҳким ёбад.

Ин ҳама бояд вазифаи асосии зиёиёни тоҷик гардад, зеро тавре ки гуфтам, яке аз рисолатҳои зиёиён баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги сиёсии миллат мебошад.

Ҳар фарди бедордил ва огоҳи миллат аз мушкилот ва печидагиҳои ҷаҳони муосир хуб иттилоъ дорад. Алҳол авзои сиёсии сайёра тағйир ёфтааст.
Принсипҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ, ки асоси тартиботи ҷаҳониро ташкил медиҳанд, мавриди таҷдиди назар қарор мегиранд. Дар чунин муҳит имрӯз сиёсати берунии мо аз ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ иборат аст.

Ба мо лозим аст, ки баҳри татбиқи амалии ҳадафу мақсадҳоямон дар роҳи созандагӣ ва бунёдкорӣ ҳарчи бештар ҷаҳду талош намуда, нақшаҳои стратегии пешгирифтаамон, алалхусус истиқлолияти озуқаворӣ, энергетикию коммуникатсионии мамлакатро пайгирона амалӣ созем.
Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади мустаҳкам кардани иқтидори иқтисодии мамлакат ва зина ба зина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум пайваста тадбирҳо андешида ва онҳоро амалӣ менамояд.

Бо ин мақсад чанд сол пеш Барномаи мукаммали давлатии паст кардани сатҳи камбизоатӣ қабул гардид, ки ҳамаи барномаҳои иқтисодии Ҳукумат минбаъд дар асоси он амалӣ гардонида мешаванд.

Мо тасмим гирифтаем, ки дар оянда низ ин иқдомро давом дода, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани камбизоатӣ боз ҳам тадбирҳои зарурӣ андешем.

Рушди ҳамаҷонибаи соҳаи маориф ва тандурустӣ омили асосии пешрафти ҷомеа, баланд шудани сатҳи дониш, маърифат ва солимии мардум мебошад. Бе ноил шудан ба ин ҳадафҳо мо наметавонем дар радифи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ҷой ёфта, амнияти ҷомеа ва арзишҳои фарҳангии худро пуштибонӣ намоем.

Зеро дар асри XXI танҳо бо роҳи вусъат бахшидан ба раванди илмию техникӣ, азхуд кардани техникаю технологияи муосир, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, боло бурдани сатҳи маърифат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи сазовор пайдо кардан имконпазир аст.

Зиёиён нигаҳбони арзишҳои маънавии халқ ва миллати худ мебошанд. Аз ин рӯ, мо сиёсати фарҳангиро як рукни муҳими сиёсати давлатдорӣ меҳисобем.

Маҳз аҳли фарҳанг баҳри ба наслҳои оянда бегазанд расонидани арзишҳои маънавии гузаштагон талош варзида, анъанаҳои таърихии миллатро зинда нигоҳ медоранд ва сайқал медиҳанд.

Дӯстони азиз!

Ояндаи ҳар халқу кишвар ба ворисони он вобастагии қавӣ дорад. Насли навраси мо - ҷавонон, ки аксарашон зода ва парвардаи замони соҳибистиқлолии Ватанамон мебошанд, ин масъулиятро бар дӯш доранд.

Онҳо бояд дар кору хониш ва фаъолияти ҳаррӯзаашон ин масъулиятро, ки таърих ба дӯшашон гузоштааст, эҳсос намуда, барои ободию пешрафти ин сарзамин софдилона ва ғайратмандона талош варзанд.

Насли ҷавони моро зарур аст, ки ҳарчи бештар ба илмҳои дақиқу бунёдӣ рӯ оварда, аз дастовардҳои илму техникаи муосир бархурдор гарданд.
Чанде пеш мо дар бораи такмили омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ қарор қабул карда будем, ки ин барои пешрафти омӯзиши ин забонҳо мусоидат намуд.

Дар айни замон ман борҳо таъкид кардаам ва боз мегӯям, ки дар баробари омӯзиш ва азхуд кардани илму техникаи муосир ҷавонони мо ба омӯзиши таърихи пуршараф, забони модарӣ ва фарҳанги ғании халқамон бояд бештар машғул шаванд.

Рисолати зиёиён аз ҳидояти ҷавонон барои омӯзиши таърих, фарҳангу забони модарӣ, дастовардҳои илм ва технологияи пешрафтаи муосир иборат аст.
Наврӯз идест, ки бо олами ҳастӣ, бо табиат ва обу хоки он иртиботи ногусастанӣ дорад. Мардум барои гиромидошти ин муқаддасот асрҳо Наврӯзро бо тантана ҷашн мегирад. Чанд сол пеш ҷомеаи ҷаҳонӣ бо пешниҳоди Тоҷикистон Соли байналхалқии оби тозаро таҷлил намуд.

Чунон ки огоҳед, мо таклиф ба миён гузоштем, ки бо мақсади дар оянда низ гиромӣ доштани ин унсури муқаддаси табиат солҳои 2005-2015 дар миқёси ҷаҳон даҳсолаи "Об - ба хотири ҳаёт" эълон гардад. Хушбахтона, ин пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфта шуд.

Аз ин рӯ мо ҳамчун ворисони гузаштагони хирадмандамон вазифадорем, ки унсурҳои муқаддас - обу оташ ва хоку бодро на танҳо азиз дорем, балки бо эҳтиёт кардани неъматҳои табиат, покизагии муҳит ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ кӯшиш намоем.

Итминони комил дорам, ки миллати соҳибфарҳангу соҳибхирад ва мехнатқарину сарбаланди мо минбаъд ҳам баҳри ободию шукуфоии Ватани азизамон бо дасту дили гарм фидокорона меҳнат мекунад.

Дар охир ҳамаи шумоёнро бори дигар бо фарорасии Наврӯзи Аҷам табрик гуфта, бароятон саломатию сарбаландӣ, файзу баракати идона, нерӯю ғайрати офаранда ва барори эҷодӣ орзу менамоям. Ин вохӯрии мо ибтидои иди Наврӯз аст.

Имсол мо иди миллию умумихалқии Наврӯзро дар ноҳияи Ваҳдат истиқбол хоҳем кард. Давоми вохӯриҳои мо, давоми тантанаҳои идона ва истиқболи ин иди муқаддасу қадимаи миллиамон дар ноҳияи Ваҳдат баргузор мешавад.

Умедворам, ки Наврӯзи имсола ба мардуми шарифи кишварамон бахту саодат, сиҳатмандию сарбаландӣ ва комёбиҳои тоза меоварад.
Ба Шумо хонаободӣ ва саодати рӯзгор орзумандам.

Ташаккур!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520