Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз ҷараёни дарави шолӣ дар Хоҷагии деҳқонии “Бобои Ҷӯра”-и ноҳияи Қубодиён ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ

01.11.2022 08:13, ноҳияи Қубодиён
Боздид аз ҷараёни дарави шолӣ дар Хоҷагии деҳқонии “Бобои Ҷӯра”-и ноҳияи Қубодиён ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ   01.11.2022

1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Қубодиён аз ҷараёни дарави шолӣ дар Хоҷагии деҳқонии “Бобои Ҷӯра” ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуданд.

Заминҳои корами обию лалмӣ, истифодаи самараноки он, дастгирии хоҷагидорон ва риояи қоидаҳои агротехникӣ фаровонҳосилиро дар ноҳия таъмин ва сатҳи зиндагии сокинонро беҳтар гардонид.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҷрибаи парвариш, нигоҳубин ва ҷамъоварии ҳосили фаровони шолӣ дар хоҷагиҳои пешқадами ноҳия шинос шуданд.

Хоҷагии деҳқонии “Бобои Ҷӯра” соли 2016 аз ҷониби Муродулло Мусоев ташкил гардида, ба парвариш ва истеҳсоли намудҳои гуногуни зироати кишоварзӣ машғул мебошад.

 Имсол аҳли заҳмат баъд аз ҷамъоварии ҳосили асосии макка барои дон дар майдони 30 садяк замин кишти такрории шолӣ гузарониданд, ки самараи хуб ба бор овардааст.   

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо мутахассисону хоҷагидорон таъкид намуданд, ки кишоварзони мамлакат дар ин шабу рӯз бояд аз боду ҳавои мусоид самаранок истифода намуда, саривақт ҳосилро ҷамъоварӣ ва фаъолиятро ҷиҳати васеъ гардонидани майдони кишти тирамоҳӣ ҷоннок созанд.       

Дар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои аҳли заҳмати ноҳия муаррифӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мавсими имсола кишоварзони ноҳияи Қубодиён дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ҳосили фаровони ғалладонагӣ, сабзавоту полезӣ ва меваҷотро ба даст оварданд.

Аз ҷумла, дар 9 моҳи соли 2022 наздики 34 ҳазор тонна ғалладонагӣ, 86 ҳазору 422 тонна сабзавот, 8 ҳазор тонна мева, беш аз 5 ҳазор тонна пахта, дигар намуди маводи ғизоӣ ва хӯроки чорво ҷамъоварӣ намуданд, ки ҳосилнокӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 зиёд мебошад.

Дар ҳамин ҷо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо намунаи ҳунари занону бонувони чирадасти ноҳия шинос шуданд.

Дар намоишгоҳ асосан маҳсулоти кишоварзӣ, нонӣ ва таъомҳои миллӣ муаррифӣ гардид.

Маврид ба таъкид аст, ки дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирӣ ва иқдому ташаббусҳои Сарвари давлат ҳунарҳои мардумӣ эҳё гардид ва он ба насли ояндаи мамлакат омӯзонида мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520