Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Вазири фарҳанг ва туризми Ҷумҳурии Озарбойҷон Абулфас Мурсал Оғли Караевро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Озарбойҷон, пеш аз ҳама дар соҳаҳои фарҳангу туризм баррасӣ шуд.
Мусоҳибон тавсиаи робитаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла ташкил ва гузарондани рӯзҳои фарҳангиро дар кишварҳои ҳамдигар воситаи хуби густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаи байни давлатҳо ва мардумони онҳо арзёбӣ намуданд.
Мусоҳибон аз натиҷаҳои Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон, ки моҳи октябри соли 2007 баргузор гашта буд, қаноатмандӣ зоҳир намуда, изҳори боварӣ карданд, ки Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон низ дар сатҳи баланд ва фазои дӯстию бародарӣ ҷараён гирифта, баҳри таҳкиму густариши робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар ва дар амал татбиқ шудани санадҳои қарордодию ҳуқуқии амалкунанда заминаи боэътимод мегузоранд.
Ҳарду ҷониб таъкид бар он доштанд, ки таҷрибаи гузарондани рӯзҳои фарҳангӣ дар кишварҳои ҳамдигар солҳои баъдӣ низ идома дода шавад.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, туризм, робитаҳои минтақавию байниминтақавӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.