Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс

07.11.2022 23:55, Миср
Мулоқот бо Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс   08.11.2022

7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар муҳокима гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон, инчунин дастгирии ин кишвар дар таҳкими истиқлолияти кишвари мо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар рафти мулоқот масъалаи идомаи муколамаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ баҳри рушд, баргузории ҳамоиши доираҳои иқтисодии Тоҷикистону Олмон ва иштироки Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии “Ҳафтаи Сабзи Берлин 2023” баррасӣ карда шуд.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим, хушксоливу камобӣ, обшавии пиряхҳо, вазъи печидаи Афғонистон, пайомадҳои пандемия, таҳримҳо ва таъсири он ба кишварҳо табодули андеша карданд.

Дар фарҷоми суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз  Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520