Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш

08.11.2022 16:58, Миср
Мулоқот бо Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш   08.11.2022

8 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш мулоқот карданд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи кунунии ҳамкориҳои ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии Тоҷикистонро барои идома ва густариши минбаъдаи робитаҳои судманд бо Созмон ва ниҳодҳои он иброз намуданд.

Таъкид гардид, ки имсол аз узвияти Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид 30 сол пур шуд ва кишвари мо дар ин муддат дар роҳи рушди устувор ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, таъмини арзишҳои волои инсоният, муқовимати муассир ба хатару таҳдидҳои замони муосирро муҳокима карданд.  Масъалаи вобаста ба вазъият дар Афғонистон ва таъсири он ба минтақа низ баррасӣ гардид.

Дар рафти суҳбат ҳамчунин ҷонибҳо оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли норасоии оби ошомиданӣ, тағйёрёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва дигар талошҳои арзишманди кишвари мо, табодули андеша карданд.

Таъкид шуд, ки тайи чанд даҳсолаи охир дар Тоҷикистон як ҳазор пирях пурра об шудааст. Офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти кишвар 250 миллион доллар зарари моливу моддӣ расонида, дар бисёр мавридҳо боиси талафоти ҷонӣ ҳам гаштааст.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид нақши пешвоӣ ва калидии Тоҷикистон ва Сарвари онро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, бахусус мушкилоти вобаста ба об ва масъалаҳои умдаи амниятӣ таъкид намуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520