Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани обанбор бо ғунҷоиши 1000 метри мукааб барои 5 ҳазор аҳолии шаҳри Бӯстон

13.11.2022 09:42, шаҳри Бӯстон
Ба истифода додани обанбор бо ғунҷоиши 1000 метри мукааб барои 5 ҳазор аҳолии шаҳри Бӯстон  13.11.2022

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба шаҳри Бӯстон  ташриф оварда, обанбори шабакаи оби нӯшокиро бо ғунҷоиши 1000 метри мукааб барои таъмини беш аз 5 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон  мавриди истифода қарор доданд.

Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, сохтмони иншооти оби нушокӣ марҳилаи навбатии татбиқи созишномаи сеҷонибаи Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию комуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва “Лоиҳаи барқарорсозии шабакаҳои  обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон” маҳсуб меёбад, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба маблағи 18 миллиону 964 ҳазор доллари америкоӣ амалӣ шудааст.

Аз маблағи умумии лоиҳа 2 миллиону 885 ҳазор доллар ба  барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии шаҳри Бӯстон равона гардидааст.

Иншооти оби нушокӣ таъмини оби босифатро ба аҳолии маҳаллаи “Наврӯз” дар 20 хонаи баландошёнаи истиқоматӣ, 500 қитъаҳои нави наздиҳавлигӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва кору хизматрасонии ин ҳудуди шаҳри Бӯстонро беҳтар менамояд.

Дар асоси лоиҳа иншоот аз 2 ҳавзи об бо ғунҷоиши ҳар яке 500 метри мукааб, хати оби нӯшокӣ ба масофаи 9 километр бо васлу насби қубурҳои  полиэтилении қутрашон аз 20 то 200 миллиметра, 3 насоси обкашӣ, хати барқи озод ба масофаи 3 километр  иборат мебошад.

Оби нӯшоки ба иншооти нави обрасонӣ аз обанбори асосии шаҳри Бӯстон тавассути хати оби нушокии қубурҳои қутрашон 600 миллиметра ба масофаи 2 километр интиқол дода мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмону васлгарӣ ва муҷаҳҳазгардонии хату иншооти оби нӯшокиро дар асоси фармоиши Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию комуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон” коргарону  муттахасисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ситоиш” анҷом додаанд.  

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни шиносоӣ  ба сифати корҳои  анҷомдодашуда  дар шабакаҳои  обтаъминкунии шаҳри Бӯстони вилояти Суғд  баҳои  баланд доданд.

Татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои “Шимоли Тоҷикистон” аз моҳи  марти соли 2014 оғоз шуда, 6 шаҳру ноҳияҳои  вилояти Суғдро дар бар мегирад. То имрӯз дар асоси ин лоиҳа  дар шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон, Истиқлол, Исфара, Конибодом ва ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров  ҳаҷми  асосии корҳо иҷро ва ба беҳтар гардидани таъмини оби нӯшкии тоза мусоидат намудааст.

Татбиқи лоиҳаи обтаъминкунӣ дар вилояти Суғд дар доираи  ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли  мушкилоти марбут ба норасоии об муҳиму саривақтӣ арзёбӣ  гардид.

Таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ масъалаи муҳими иҷтимоӣ ва омили асосии саломатии миллат мебошад. Бунёду навсозии инфрасохтори оби нӯшокӣ дар маркази таваҷҷӯҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ тадбирҳои калонҳаҷм амалӣ гардиданд.

Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд татбиқи 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар самти обтаъминкунии аҳолӣ бо равона намудани 2,4 миллиард сомонӣ ҷараён дорад.

Тайи солҳои охир дар 9 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ба маблағи миллионҳо сомонӣ лоиҳаҳои сохтмону барқарорсозии шабакаҳои оби нӯшокӣ татбиқ, ҳаҷми калони корҳо иҷро гардида, шумораи зиёди аҳолӣ, хусусан сокинони деҳоти вилоят ба оби нӯшокии тоза дастрасӣ пайдо намуданд ва дар 4 шаҳру ноҳияи дигари вилоят татбиқи чунин лоиҳаҳо муваффақона ҷараён дорад. Бо сабаби зиёд шудани аҳолӣ дар ҷумҳурӣ, минтақа ва ҷаҳон талабот ба захираҳои об босуръат афзоиш меёбад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати кишвар сиёсати ҳамгироии истифодаи самаранокии захираҳои обиро пеш бурда, омодагии хешро изҳор намудааст, ки захираҳои бузурги оби нӯшокии кулли шаҳру ноҳияҳои мамлакат нақшаю лоиҳаҳои муҳиму афзалиятнок баҳри таҳкими инфрасохтори оби нӯшокӣ амалӣ карда мешавад.

Бо дастуру супориши Сарвари давлат дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028» тасмим гирифта шудааст, ки дар ҳар як соли даҳсола ба баррасии ҳамаҷониба, ҳалли тадриҷии мушкилоти марбут ба об ва иҷрои нақшаю лоиҳаҳои бунёду барқарорсозии хатҳои оби нӯшокӣ бахшида шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520