Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи маркази саломатӣ дар деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

13.11.2022 11:50, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ифтитоҳи маркази саломатӣ дар деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  13.11.2022

13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази саломатиро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти нави соҳаи тандурустӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир бунёд гардидааст.

Бинои маркази саломатӣ аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дорои 34 ҳуҷраи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Бо таъсис ёфтани маркази саломатӣ 40 нафар мутахассиси соҳа бо ҷои кори доимӣ таъмин гардид.

 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо имкониятҳои фароҳамгардида дар муассисаи нави тиббӣ аз корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки бо истифода аз шароити муҳайёшуда кормандони соҳаи тандурустӣ дар самти дастрасии аҳолӣ ба кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ содиқонаю софдилона фаъолият намоянд.  

Дар ошёнаҳои якум ва дуюми бинои маркази саломатӣ нуқтаи бақайдгирӣ, гӯшаи гиёҳдармонӣ, ҳуҷраҳои осебшиносӣ, доругузаронӣ, ҷарроҳӣ, хатна, табобати дандон, духтури занона ва ҳуҷраҳои табибони оилавӣ ҷойгир шудааст. 

 Дар таҳхонаи бино бошад, толори маҷлис бо 60 ҷойи нишаст ва ҳуҷраи физиотерапевтӣ бо ду кати хоб мавҷуд мебошад. Маркази саломатӣ бо таҷҳизоти замонавии соҳавӣ, аз ҷумла дастгоҳи рентгении рақамӣ, ултрасадо ва сабти барқии дил ва озмоишгоҳ муҷаҳҳаз карда шудааст.

Ба иттилои масъулон то ин дам дар ҳудуди деҳоти Ҳайдар Усмонов дастгоҳи рентгении рақамӣ мавҷуд набуд ва сокинон барои тахшиси рентгенӣ ва осебшиносӣ ба маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд мерафтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки дар фаъолияти касбӣ дар баробари истифодаи усулҳои муосири хизматрасониҳои тиббӣ ба бахши гиёҳдармонӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар раванди табобати беморон аз гулу гиёҳҳои шифобахши ватанӣ бештар истифода баранд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520