Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва мулоқот бо ятимони кул дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

13.11.2022 11:52, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва мулоқот бо ятимони кул дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  13.11.2022

13 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонов бинои маркази хизматрасонии “Шоҳ”-ро ба истифода дода, бо 100 нафар ятими кул мулоқот намуданд.

Бинои хизматрасонӣ хуштарҳу замонавӣ буда, дар таҳхонаи он сардхона барои нигаҳдории 1000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷойгир аст.

Сардхонаи муосир бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардида, он чор анбори васеъ дорад, ки барои нигоҳ доштани меваю сабзавот ва полезӣ пешбинӣ шудааст.

Иншооти хизматрасонӣ дар раванди созандагию бунёдкориҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори ватанӣ сохта шуда, барои 15 сокини маҳаллӣ ҷои нави корӣ таъсис ёфт.

Толори баргузории маросимҳо бесутуни барҳаво буда, 150 ҷои нишаст дорад. Сақфи толори мазкур бо санъати баланди меъмории миллӣ гаҷкорӣ карда шудааст, ки зебою диққатҷалбкунанда мебошад. Ҳамчунин дар маркази хизматрасонӣ ҳуҷраҳои алоҳида барои омода кардани таъомҳои миллию аврупоӣ ва хуришҳо мавҷуд аст.

Минбаъд сокинони деҳоти мазкур имкон доранд, ки бо истифода аз хизматрасониҳои дастраси марказ ҷашну маросимҳои гуногунро баргузор намоянд. Аз қомат афрохтани боз як бинои хуштарҳи хизматрасонӣ ба ин гӯшаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зебоии дигар зам гардид.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кул, ки бо амри тақдир аз навозиши волидайн бенасиб мондаанд, вохӯрӣ намуда, бо оростани дастархони идона ба онҳо тӯҳфаҳои арзишманд тақдим карданд.

Ятимон бо шодию нишот аз дасти Сарвари раъийятпарвару инсондӯсти мамлакат либоси мактабӣ, пойафзол, шириниҳо ва кӯмаки молӣ туҳфа гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо наврасону ҷавонони ятим, ки 46 нафар аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 54 каси дигар аз шаҳри Гулистони вилояти Суғд мебошанд, суҳбати самимӣ ороста, онҳоро барои таҳсили хубу аъло, касбу ҳанаромӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ ва кор бо технологияи ҳозиразамон ҳидоят намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520