Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” дар ноҳияи Деваштич

14.11.2022 09:05, ноҳияи Деваштич
Ба истифода додани Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” дар ноҳияи Деваштич   14.11.2022

14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур дар доираи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба ифтихорӣ 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Точикистон бо харҷи 3 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” бо маблағгузории Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта шуда, пудратчии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Аъзам-Ю” мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии иншоот баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор намуданд, ки ҷавонону наврасонро бештар ба варзиш ҷалб намоянд.

Иншооти нави варзишӣ дар масоҳати 885 метри мураббаъ бо назардошти шароити зарурӣ ва мутобиқ ба талаботи варзишиву солимгардонӣ сохта шудааст. Дар қасри варзиш 10 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, санитарӣ ва корӣ ҷой дода шуда, барои тамошои мусобиқаҳои варзишӣ ба 300 нафар ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” асосан барои намудҳои гуштин, каратэ ва гимнастика пешбинӣ гардида, дар баробари писарон духтарон низ ба машқу тамрин фаро гирифта мешаванд. Бо бунёди ин иншооти замонавӣ намудҳои гуногуни варзиш дар ноҳияи Деваштич рушд мекунад.

 Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” дорои шароити муосир буда, дар баробари муҷаҳҳаз намудани иншоот бо гилеми махсуси варзишӣ, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 нафар варзишгар бо либоси варзишӣ таъмин гардид.

Давоми солҳои охир дар доираи сиёсати давлатии ҷавонон бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд садҳо иншооти варзишии ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд гардида, барои ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш замина фароҳам оварда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520