Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикии Дабири кулли Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ Петтери Таалас ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

21.12.2022 20:11, шаҳри Душанбе

Имрӯз Дабири кулли Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ (СҶҲ) муҳтарам Петтери Таалас ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Мехоҳам Шуморо ба муносибати қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ доир ба эълон намудани соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо самимона шодбош гӯям.

Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ омода аст ин ташаббуси муҳимро бо ниҳодҳои илмӣ ва коршиносони худ дастгирӣ намояд. Мо пешвоии қавии Тоҷикистонро дар рӯзномаи ҷаҳонии об ва криосфера эътироф менамоем. Чанде пеш имкони хубе доштам, то аз кишвари Шумо боздид намоям ва таъсири тағирёбии иқлимро ба пиряхҳои Шумо бубинам.

Бесаброна мунтазири идома ёфтани ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони байналмилалиамон дар чорабиниҳои канории Конфронси дарпешистодаи оби Созмони Милали Муттаҳид (СММ) моҳи марти соли 2023 ҷиҳати таблиғи мавзӯъҳои асосӣ, аз қабили таъсири иқлим ба пиряхҳо ва гардиши об, инчунин андешидани тадбирҳои мутобиқшавӣ ба ин тағйирот, аз ҷумла рушди хадамот ва имконоти мукаммали огоҳсозии барвақтӣ мутобиқи даъвати Дабири кулли СММ оид ба огоҳии бармаҳал барои ҳама, ки онро СҶҲ дар якҷоягӣ бо Дафтари СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ (UNDRR) роҳбарӣ мекунад, ҳастам.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, таманниёти беҳтарин ва эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520