Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Рашт

02.10.2008 20:30, ноҳияи Рашт

Сафари серӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои водии Рашт бо натиҷаҳои басо пурарзиш баҳри таъмини рушду нумӯи минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии ин минтақа ва возеҳ аён гаштани меҳру муҳаббати беандозаи мардум ба Сарвару раҳнамои давлатамон рӯзи 4 октябр ба поён расид.

Бояд таъкид кард, ки эҳтиёҷоти аҳолии деҳот, пеш аз ҳама деҳоти кӯҳистон пайваста зери назар ва ғамхории Сарвати давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин кор, хусусан дар шароити солҳои охир, ки болоравии нархи сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ дар бозори ҷаҳонӣ таъсири худро ба рӯзгори ҳар як сокини кишвари мо низ расонидааст, аҳамияти хосса касб мекунад.

Дар фурӯдгоҳи ноҳияи Рашт Сарвару раҳнамои давлат Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва намояндагони аҳли ҷамоаи ноҳия бо эҳтирому самимият ва шукргузории хоса истиқбол гирифтанд.

Дар хоҷагии деҳқонии Манзар Шарифи ноҳияи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва пирони рӯзгордидаи деҳа бо дуою фотиҳаи нек ба замин нахустин донаҳои умедро кошта, ба кишти тирамоҳии гандум дар ин хоҷагӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Шиносоӣ бо рафти сохтмони бинои филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С. Айнӣ дар ноҳияи Рашт яке аз ҳадафҳои муҳими боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ин ноҳия буд, зеро ба кор даромадани он дар бартараф намудани норасоии омӯзгорон дар ин минтақа аҳамияти калон дорад.

Ин яке аз мушкилоти асосӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, хусусан дар деҳоти кӯҳистон ба шумор меравад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ барои бо суръату сифати баланд анҷом додани сохтмон ва таҷҳизонидани бинои таълимӣ ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, дастур дода шуд, ки ин иншоот то моҳи сентябри соли оянда, яъне як сол пеш аз мӯҳлат ба истифода дода шавад.

Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 1 – и ҷамоати деҳоти Ғарм гувоҳи ғамхории пайвастаи роҳбари давлат ба таълиму тарбияи дурусти насли наврас мебошад.

Зимни сӯҳбатҳо дар мактаб зикр гардид, ки имсол аз 55 дастпарвари он 24 нафар ба мактабҳои олии кишвар дохил шуд, яъне қариб 50 дар сади хатмкунандагонаш.

Дар ҷараёни сӯҳбатҳои фораму дилнишин бо хонандагони мактаб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ширинзабонии хурдсолон ҳаловат бурда, ҳамаи муҳассилинро ба хониши хубу аъло ва аз бар кардани илмҳои замона ҳидоят намуд ва ба омӯзгорони мактаб барои таъмини савияи хуби дониши муҳассилин арзи сипос кард.

Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шӯъбаи минтақавии бемориҳои дили бемористони марказии ноҳияи Рашт расман ба истифода дода шуд.

Зимни шиносоӣ маълум шуд, ки ин бино дар муддати кӯтоҳ бо дастгирии молиявии Сарвари давлат сохта ва бо техникаю таҷҳизоти нави ташхис ва муоинаю муолиҷаи бемориҳои дил таъмин карда шудааст.

Дар хоҷагии деҳқонии «Наимӣ» - и ҷамоати деҳоти Навдеҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоҳиди ҳосили фаровони картошка шуд. Деҳқонони хоҷагӣ ният доранд, ки аз ҳар гектар 420 сентнерӣ ҳосил гиранд.

Дар чойхонаи «Болои об» - и маркази ноҳияи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шумораи зиёди намояндагони аҳли ҷамоа ва собиқадорони ҷангу меҳнат, ки имрӯз ҳам сарфи назар аз пирию барҷомондагӣ дар таълиму тарбияи насли наврас нақши намоён мегузоранд, сӯҳбати гуворою дилнишин орост.

Байни онҳо роҷеъ ба мавзӯъҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, ҷараёни татбиқи дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Сарвари давлат барои истифодаи пурсамар аз ҳар ваҷаб замини корам ва рӯёнидани ҳосили фаровони зироат, танзими анъана ва расму оинҳои серхароҷот, инчунин дар бораи натиҷаҳои сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ню – Йорки ИМА, ки баҳри болобарии нуфузу эътибори давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муҳим гузошт, сӯҳбатҳои ҷолибу хотирмон сурат гирифт.

Бегоҳии ҳамон рӯз дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Рашт вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳазорон нафар намояндагони аҳли ҷамоаи ноҳия баргузор гашт.

Ба дидори Сарвари давлат дар инҷо беш аз 7 ҳазор кас аз марказ ва деҳоти дурдасти ноҳия ҷамъ омада буд. Шумораи зиёди касоне, ки дар варзишгоҳ барояшон ҷой нарасид, суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро аз мониторҳои дар атрофи варзишгоҳ гузошташуда тамошо карданд.

Дар охири суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми ноҳияи Рашт мужда расонд, ки имрӯз ба онҳо ба муносибати иди саиди Фитр 8 трактори МТЗ - 82 бо 8 испор, 9 автобуси мусофирбар, 6 мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ва 70 компютер барои мактабҳо тӯҳфа карда мешавад. Таъкид гардид, ки ҳамаи он аз ҳисоби Фонди ҷмъиятии хайрияи Тоҷикистон харидор шудаанд. Хотиррасон бояд кард, ки муассиси Фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520