Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Тоҷикобод

03.10.2008 14:00, ноҳияи Тоҷикобод

Субҳи рӯзи 3-юми октябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Рашт ба ноҳияи Тоҷикобод ташриф овард.

Истиқболи басо самимӣ ва меҳру муҳаббати зоҳирнамудаи мардум аз ҷониби худи онҳо чун шукргузорию қадрдонӣ ба сиёсати сулҳофарӣ, ободонию созандагӣ ва мардумпарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маънидод мегардад.

Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Тоҷикобод дар ҷамоати деҳоти Нӯшор бо иштирок дар маросими тантанавии шурӯъи корҳои марҳилаи сеюми азнавсозии роҳи Душанбе – Нуробод – Рашт – Ҷиргатол – Саритош оғоз ёфт.

Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар чаҳорчӯби татбиқи ин лоиҳаи инвеститсионӣ бо харҷи 490 миллион сомонӣ азнавсозии 265 км роҳи байналмилалии Душанбе – Саритош, 137 км роҳҳои маҳаллӣ, сохтмони 19 пули нав ва таҷдиди 20 пули мавҷуда анҷом дода мешавад.

Айни ҳол марҳилаи якуми он пурра анҷом ёфта, марҳилаи дуюмаш дар масофаи то ноҳияи Тоҷикобод бо суръат ва сифати баланд идома дорад.

Дар марҳилаи сеюми он дар ҳудуди ноҳияҳои Тоҷикободу Ҷиргатол бо харҷи 262 миллион сомонӣ азнавсозии 114 км роҳ, 9 пули мавҷуда ва сохтмони 3 пули нав дар нақша аст. Дар давраи татбиқи марҳилаи сеюми ин лоиҳа 500 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд, ки 200 нафарашон аз аҳолии маҳалӣ аст. Дар марҳилаи дуюми он айни ҳол 270 нафар машғули кор мебошанд, ки 100 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Зимни боздид аз заминҳои картошка дар қитъаи замини навъсанҷии Академияаи кишоварзии Тоҷикистон зикр гардид, ки имсол дар ноҳия бояд 27-28 ҳазор тонна ҳосил ба даст ояд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар заминҳои водии Рашт ҳосили картошка бояд аз 400 сентнерӣ аз гектар кам набошад. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод якҷоя солҳои пеш ҳеҷ гоҳ аз 33 ҳазор тонна картошка зиёд истеҳсол нашуда буд. Имсол деҳқонони ду ноҳияи мазкур умед доранд, ки 62-63 ҳазор тонна картошка ба даст оранд.

Умуман ҳосили фаровони картошка ва мева, аз ҷумла себу нок зардолу ва чормағз боиси хушҳоливу қаноатмандии мардум гаштааст.

Дар намоишгоҳи маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ анвои гуногуни меваю сабзавот, себ, нок, чормағз, картошка, пиёз, сабзӣ, аз ҷумла навъҳои селексионии олимони тоҷик, ки ҳосилнокии баланд доранд, ба маъраз гузошта шуда буданд.

Бо қаноатмадӣ зикр гардид, ки солҳои охир бо маслиҳату ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои водии Рашт шумораи занбӯрпарварон ва истеҳсоли асал хеле афзудааст.

Зимни шиносоӣ бо маҳсули меҳнати кишоварзони ноҳия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди минбаъдаи боғдорию ниҳолпарварӣ, картошкапарварӣ, парвариши занбӯри асал, чорводорӣ ва ғайра ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Тоҷикобод мулоқотҳои судбахш бо намояндагони сершумори аҳли ҷамоаи он доир намуда, сӯҳбатҳои озоду самимӣ орост.

Ба муносибати иди саиди Фитр ба мардуми ноҳияи Тоҷикобод аз ҳисоби Фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон бо қарори Муассиси он Эмомалӣ Раҳмон 5 трактори МТЗ – 80 бо 5 испор, 8 автобуси мусофирбар, 5 мошини ёрии таъҷилӣ ва 65 компютеру 11 принтер барои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ тӯҳфа карда шуд.

Дар маркази ноҳияи Тоҷикобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маросимҳои тантанавии ба истифода супурдани бинои нави шӯъбаи ноҳиявии «Тоҷиксуғурта» ва бинои нави маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуд ва аз Маркази навбунёди фарҳангии ҷавонон дидан кард.

Дар назди ин марказ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба 7 ҷуфти оилаҳои ҷавон, ки дар арафаи ин ташриф хонадор шудаанд, яктогӣ телевизор тӯҳфа намуд.

Дар толори бозиҳои варзишии Маркази ҷавонон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгардухтари ҷавоне шашкабозӣ кард, ки дар хотири ӯ ва дӯстонаш нақши доимии гуворо мегузорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520